Вазири мудофиаи миллии Туркия Хулусӣ Акар: «Мо Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дӯсту бародар ва шарики муҳим дар минтақаи Осиёи Марказӣ меҳисобем»

Июль 1, 2021 14:17

ДУШАНБЕ, 01.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре  қаблан  иттилоъ додем, имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиаи миллии Ҷумҳурии Туркия Хулусӣ Акарро ба ҳузур пазируфтанд.

Ба иттилои  хабарнигори  АМИТ «Ховар», пас аз мулоқот бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Вазири мудофиаи миллии Ҷумҳурии Туркия Хулусӣ Акар дар нишасти хабарӣ чунин гуфт: «Мо бо Президент муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти пурмаҳсул ва муҳим доштем. Албатта Ҷаноби Президентро пеш аз сафар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр хуб менишохтам. Лекин имрӯза мулоқоти рӯ ба рӯи мо самарии бисёр хуб дошт. Ман таассуроти зиёд гирифтам».

Ӯ ҳамчунин гуфт, ки имконияти муфиде дошт, аз фикру ақидаҳои шахсии Президенти Тоҷикистон доир ба масъалаҳои минтақа  огоҳ шавад.

Ба таъкиди Вазири мудофиаи миллии Туркия, Президенти Тоҷикистон дар бораи масъалаҳои имрӯз вуҷуддошта андешаҳову таҳлилҳои амиқи худро баён доштанд ва пешниҳодҳои худро вобаста ба ояндаи Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ ироа намуданд.

«Ҷаноби Президент инчунин Презденти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғонро ба Тоҷикистон бори дигар расман даъват намуданд. Ман ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи нияти Президенти Ҷумҳурии Туркия вобаста ба анҷом додани сафар дар ояндаи наздик ба Тоҷикистон хабар додам», — тазаккур дод ӯ.

Хулусӣ Акар ҳамчунин изҳори боварӣ намуд, ки сафар ва мулоқотҳои дуҷонибаи роҳбарони сатҳи олии ҳарду кишвар барои боз ҳам ба сатҳи баланд баровардани ҳамкорӣ байни вазоратҳои мудофиа такони тоза мебахшанд.

«Инчунин мо имрӯз оид ба масъалаҳои муайяни ҳамкорӣ мубодилаи афкор доштем. Гуфта метавонам, ки кишварҳои мо вобаста ба масъалаҳои байналмилалӣ мавқеи ҳамсон доранд. Мо Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дӯсту бародар ва шарики муҳим дар минтақаи Осиёи Марказӣ меҳисобем. Ҳарду кишвар арзишҳои умумӣ доранд, ки яке аз онҳо асари безаволи Мавлоно Ҷалолиддин Румӣ мебошад, ки мардумони мо имрӯз аз он баҳра бурда истодаанд», — гуфт Вазири мудофиаи миллии Туркия.

Ба гуфтаи ӯ, зимни мулоқот инчунин оид ба масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъи Афғонистон мубодила афкор сурат гирифтааст.

«Пас аз мулоқоти имрӯза бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба мо дастуру ҳидоятҳои хешро доданд, вазоратҳои мудофиаи ҳарду кишварро мебояд ҳамкориро дар самтҳои гуногун, аз ҷумла дар самти мудофиа боз ҳам ба сатҳи баланд бардоранд ва сафарҳои дуҷонибаро дар оянда тақвият диҳанд, то ба беҳтар намудани ҳамкории хосаи байни кишварҳо, хосатан вазоратҳои мо такони тоза бахшанд», — ибрози андеша намуд Хулусӣ Акар.

Дар охир ӯ бо истифода аз фурсат таманниёти беҳтарини худ ва мардуми Туркияро ба мардуми Тоҷикистон расонид.

 

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Июль 1, 2021 14:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Сафорати Тоҷикистон дар Швейтсария Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил карда шуд
Тоҷикистон ва Қатар бахшида ба Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ дар Женева чорабинӣ баргузор намуданд
Дар Вашингтон бо иштироки соҳибкорони Тоҷикистон ва ИМА мизи мудаввар баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон ба Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт нусхаи эътимоднома супорид
Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ва иқлим дар Бангкок муаррифӣ шуданд
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ИМА дар бахшҳои сиёсӣ ва илмӣ баррасӣ шуд
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ шуд
Байни Тоҷикистон ва Амрико машваратҳои сиёсӣ баргузор шуданд
Мафалда Дуарте: «Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии иқлим мавқеи пешсаф дорад»
Ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби ИДМ муаррифӣ карда шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Дафтари Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба паноҳандагон баррасӣ шуд
Тавсеаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид