Хоруғ: Ёдгор Файзов ва Насрулло Маҳмудзода бо корҳои таъмиру навсозии иншооти ҷашнӣ шинос шуданд
ХОРУҒ, 14.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи тантанаҳои ҷашнӣ ба истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корҳои ободониву созандагӣ авҷи устувор дошта, бунёди якчанд иншооти дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ идома дорад. Бо мақсади аз наздик шинос шудан бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов, Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода аз ин иншоот дидан намуда, барои вусъати корҳои сохтмонӣ ба бинокорон маслиҳатҳои судманд доданд.
Дар доираи расидан ба яке аз ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- истиқлоли энергетикии мамлакат дар маркази маъмурии ВМКБ- шаҳри Хоруғ аз ҷониби ширкати барқии “Помир Энерҷӣ” бунёди зеристгоҳи хати интиқоли барқи 110-киловолта, ки барои фаъолияти минбаъдаи неругоҳи барқӣ заминаи боэътимод мегузорад, идома дорад. Зеристгоҳ дар назди бинои асосии Неругоҳи барқи обии “Хоруғ” сохта шуда, таҳкурсии асосӣ барои пайванд намудани неругоҳҳои ҳудуди вилоят ба шабакаи ягонаи энергетикии ҷумҳурӣ дониста мешавад. Бо бунёд гардидани зеристгоҳи мазкур дастрасии аҳолӣ ба барқи хушсифат зиёд гардида, таъмини доимии сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят бо неруи барқ дар фасли зимистон имконияти бештар фароҳам меорад. Зеристгоҳи хати интиқоли барқ дар арафаи ҷашни муқаддас- 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Соли равон бинои Кохи ҷавонон пурра навсозӣ гардида, дар баробари 3 ошёна боз ошёнаи чаҳорум сохта шуд, ки аз 6 утоқи иловагии корӣ иборат аст. Дар канори он гурӯҳи коргарони Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Дамир» ба навсозии бинои Маркази саломатии шаҳри Хоруғ машғул мебошанд. Барои таъмиру навсозии ин бино Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 700 ҳазор сомонӣ ихтисос додааст.
Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷараёни таъмиру таҷдиди варзишгоҳи марказӣ, Маркази саломатӣ ва Кохи ҷавонони шаҳри Хоруғ аз наздик шинос шуда, бо роҳбарони ширкатҳои сохтмонӣ ва коргарон дар мавриди суръат ва сифати корҳои сохтмонӣ суҳбат намуд. Ҳарсе иншоот таъмир ва навсозӣ шуда, дар остонаи ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешаванд.











Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд






