Хоруғ: Ёдгор Файзов ва Насрулло Маҳмудзода бо корҳои таъмиру навсозии иншооти ҷашнӣ шинос шуданд

Июль 14, 2021 16:34

ХОРУҒ, 14.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи тантанаҳои ҷашнӣ ба истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корҳои ободониву созандагӣ авҷи устувор дошта, бунёди якчанд иншооти дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ идома дорад. Бо мақсади аз наздик шинос шудан бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов, Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода аз ин иншоот дидан намуда, барои вусъати корҳои сохтмонӣ ба бинокорон маслиҳатҳои судманд доданд.

Дар доираи расидан ба яке аз ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- истиқлоли энергетикии мамлакат  дар маркази маъмурии ВМКБ- шаҳри Хоруғ аз ҷониби ширкати барқии “Помир Энерҷӣ” бунёди зеристгоҳи  хати интиқоли барқи 110-киловолта, ки барои фаъолияти минбаъдаи неругоҳи барқӣ заминаи боэътимод мегузорад, идома дорад. Зеристгоҳ дар назди  бинои  асосии Неругоҳи барқи обии “Хоруғ”  сохта шуда,  таҳкурсии асосӣ барои пайванд намудани неругоҳҳои ҳудуди вилоят ба шабакаи ягонаи энергетикии ҷумҳурӣ дониста мешавад. Бо бунёд гардидани зеристгоҳи мазкур  дастрасии аҳолӣ ба барқи хушсифат  зиёд гардида,  таъмини доимии сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят бо неруи барқ   дар фасли зимистон имконияти бештар фароҳам меорад. Зеристгоҳи хати интиқоли барқ дар арафаи ҷашни муқаддас- 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Соли равон бинои Кохи ҷавонон пурра навсозӣ гардида,  дар баробари 3 ошёна боз ошёнаи чаҳорум сохта шуд, ки аз 6 утоқи иловагии корӣ иборат аст. Дар канори он гурӯҳи коргарони Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Дамир» ба навсозии бинои Маркази саломатии шаҳри Хоруғ машғул мебошанд. Барои таъмиру навсозии ин бино Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 700 ҳазор сомонӣ ихтисос додааст.

Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷараёни таъмиру таҷдиди варзишгоҳи марказӣ, Маркази саломатӣ ва Кохи ҷавонони шаҳри Хоруғ аз наздик шинос шуда, бо роҳбарони ширкатҳои сохтмонӣ ва коргарон дар мавриди суръат ва сифати корҳои сохтмонӣ суҳбат намуд. Ҳарсе иншоот таъмир ва навсозӣ шуда, дар остонаи  ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешаванд.

Июль 14, 2021 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 25 километр роҳи деҳаи Гулзори шаҳри Кӯлоб мумфарш карда мешавад
Дар Мурғоб коргоҳи маҳсулоти қаннодии «Нозанин» ва 5 гармхона ба фаъолият шуруъ намуданд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
50 километр роҳи деҳоти Ҳисор ва Ориён то сарҳади Узбекистон таъмир мегардад
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Дар Шуғнон корхонаҳои саноатӣ ва иншооти соҳаҳои тандурустӣ ва маориф ба истифода дода шуданд
Дар Хоруғ кӯдакистонҳо, маркази обуҳавошиносӣ ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мурғоб муассисаи таълимии томактабии «Лола» ба истифода дода шуд
Дар Бадахшон муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба истифода дода шуданд
Сохтмони бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд идома дорад
35-СОЛАГИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Спитамен беш аз 600 иншоот сохта ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Истаравшан сохтмони зиёда аз 20 иншооти соҳаи маориф идома дорад