Икром Субҳонзода: «Вақте парвозҳои муназзам барқарор мешаванд, нархи ҳавопаймоҳо метавонад коҳиш ёбад»

Июль 28, 2021 14:28

ДУШАНБЕ, 28.07.2021 /АМИТ  «Ховар»/. Барқарорсозии парвозҳои мунтазам ба Русия метавонад нархи чиптаи ҳавопаймоҳоро аз Тоҷикистон ба Русия коҳиш диҳад. Дар ин бора дирӯз дар  нишасти матбуотӣ дар Душанбе директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода хабар дод. Ҳамзамон ба гуфтаи Субҳонзода, эмгузаронии оммавии аҳолӣ аз коронавирус ба барқарорсозии парвозҳои доимӣ мусоидат хоҳад кард. Алҳол байни Тоҷикистон ва Русия танҳо чаҳор парвози мунтазам  ба роҳ монда шудааст. Ду парвози ҳавопаймоҳо бо ширкати «Сомон Эйр»  ва ду парвози дигар аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии Русия  «Уралские авиалинии» анҷом дода мешаванд.     

Директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон зикр  намуд, ки “алҳол аксарияти парвозҳо ба шаҳрҳои Русия чартерӣ мебошанд. Ҳавопаймоҳои ширкати  «Сомон Эйр»  ба шаҳрҳои Русия комилан холӣ парвоз мекунад ва аз он ҷо шаҳрвандони Тоҷикистонро мегиранд. Худи ҳамин ба ширкатҳои ҳавопаймоии Русия низ дахл дорад. Онҳо холӣ омада, шаҳрвандони худро мегиранд”.

Ба андешаи Икром Субҳонзода, то пандемияи коронавирус ба шаҳрҳои Русия то 34 парвози мунтазам анҷом дода мешуд, дар маҷмӯъ, Тоҷикистон омода аст ба реҷаи қаблӣ баргардад ва дархост барои барқарор кардани парвозҳои мунтазам ба сохторҳои марбутаи Федератсияи Русия ирсол карда шудааст.

Икром Субҳонзода мегӯяд, ки дар тӯли шаш моҳи соли равон сохторҳои мақомоти  ҳавопаймоии Тоҷикистон назар ба ҳамин давраи соли гузашта 215 миллион сомонӣ бештар даромад ба даст овардаанд. Мавсуф афзуд, ки миқдори умумии бор ва почтаи қабул ва интиқолгардида дар ин давра тавассути Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе беш аз 535 тоннаро ташкил дод, ки ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 153 тонна ё беш аз 40 фоиз зиёд аст. Хатсайрҳои хизматрасонида 1841 ададро ташкил доданд, ки ин омор дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаригардида 346 адад зиёд мебошад.

Инчунин имсол дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе 59 ҳолати ба таъхир гузоштани парвозҳо ба қайд гирифта шудааст. Ҳамзамон дар ин давра даромади Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе  беш аз 170 миллион сомонӣ ва хароҷот зиёда аз 147 миллион сомониро ташкил додааст. Дар ин давра фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Бохтар, Хуҷанд ва Кӯлоб дар маҷмӯъ ба зиёда аз 517 ҳазор нафар мусофирон хизмат расонидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,4 ҳазор ё 4,7 фоиз зиёд мебошад. Аз ин шумора ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе беш аз 337 ҳазор мусофир, Хуҷанд зиёда аз 110 ҳазор, Кӯлоб зиёда аз 56 ҳазор ва ба Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар беш аз 13 ҳазор мусофир рост меояд.

Июль 28, 2021 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд