Илҳомҷон Атоев: 50 вазорату идораҳо ба шабакаи ҳукумати электронӣ пайваст карда шудаанд
ДУШАНБЕ, 12.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Барқарорсозии шабакаи ҳукумати электронӣ дар байни вазорату идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дошта, 50 вазорату ташкилот ба шабакаи мазкур пайваст карда шудаанд. Ҳоло барои роҳандозии сегменти якум, яъне байни шуъбаҳои умумии вазорату идораҳо ташкил намудани мубодилаи электронӣ тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев ибрози назар намуд.
Мавсуф зикр дошт, ки ҳаҷми хизматрасонии алоқаи барқӣ ба аҳолӣ 1 миллиарду 122 миллиону 510 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба шашмоҳаи аввали соли 2020 (975 млн. 378 ҳазору 511 сомонӣ) 115,1 фоиз шудааст. Дар шашмоҳаи якуми соли 2021 дар соҳаи алоқаи барқӣ аз тарафи ҶСК «Тоҷиктелеком» ба маблағи 80 миллиону 933 ҳазор сомонӣ хизмат расонида шудааст, ки иҷрои нақшаи пешбинишуда 100,3 фоиз мебошад.
Дар нишаст зикр шуд, ки шумораи умумии муштариёни алоқаи барқии собит 356 ҳазору 383 нафарро ташкил дода, аз онҳо 79 ҳазору 829 адади он фаъол мебошад.
Дар шашмоҳаи якуми соли 2021 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 158 адад ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ оид ба насби истгоҳҳои базавии ширкатҳои алоқаи мобилӣ дода шудаанд. Барои баррасии аризаҳо, додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва истифодаи радиобасомадҳо тибқи талаботи муқарраршуда 27632 сомонӣ маблағ ба буҷети давлатӣ пардохт карда шудааст.
Дар мавриди истифодаи симкортҳои истифодабарандагони алоқаи мобилӣ зикр гардид, ки дар шашмоҳаи якуми соли 2021 шумораи истифодабарандагон 7 миллиону 571 ҳазору 500 ададро ташкил дод, ки 5 миллиону 144 ҳазору 226 ададашон муштариёни фаъол мебошанд. Инчунин шумораи истифодабарандагони интернет дар якҷоягӣ бо истифодабарандагони интернети мобилӣ ва собит 3,34 млн. нафарро дар бар мегирад.








28 июл дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Донишгоҳи технологӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ХОРУҒ — БОҒШАҲРЕ ДАР ЛАБИ ДАРЁ. Тавсифи ин шаҳр аз нигоҳи Константин Симонов
«МЕРОСИ МО». Муассисаи фарҳангии ЭКО нахустин ҷашнвораи байналмилалии аксбардории мобилӣ баргузор менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамкории байналмилалиро бо муассисаҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Шаҳрвандон ва соҳибкорон тавассути ПОС – терминалҳо ва ҳамёнҳои электронӣ 3,7 миллион амалиёти ғайринақдӣ анҷом доданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад






