Имрӯз пардохти ҷубронпулӣ ба пасандоздорони бонки барҳамдодашудаи «Агроинвестбонк» оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 02.07.2021/АМИТ «Ховар»/. Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ иттилоъ медиҳад, ки имрӯз, 2 июли соли 2021 пардохти ҷубронпулӣ ба пасандоздорони ташкилоти қарзии барҳамдодашудаи ҶСК «Агроинвестбонк» оғоз мегардад.
Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, пардохти ҷубронпулӣ ба пасандоздорони ҶСК «Агроинвестбонк» тавассути бонк-агент Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» амалӣ карда мешавад. Пасандоздорон ё намояндагони қонунии онҳо барои гирифтани ҷубронпулӣ метавонанд ба филиалҳои бонк-агент Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», вобаста аз минтақаи ҷойгиршавии пасандоздорон муроҷиат намоянд.
Пасандоздорон ҳуқуқ доранд дар давоми то як сол барои гирифтани ҷубронпулии суғурта ба бонк-агент муроҷиат намоянд.
Руйхати филиалҳои бонк-агент ва суроғаи онҳо дар сомонаи Хазина www.idif.tj оварда шудааст. Маълумоти иловагӣ оид ба пардохти ҷубронпулии суғуртаро метавонед тавассути телефони(+992) 44 600 32 45 ё дар сомонаи Хазина www.idif.tj дастрас намоед.








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад






