Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ба маблағи қариб 40 млн сомонӣ маҳсулот содирот намудааст

Июль 21, 2021 14:05

ХУҶАНД, 21.07.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи аввали соли 2021 ҳаҷми сармоягузории мустақим ба Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ба 10,8 млн сомонӣ баробар гардид. Ҳамзамон бозори фурӯши маҳсулоти истеҳсолнамудаи субъектҳои ин минтақа боз ҳам фарохтар шуда, маҳсулоти он ба ғайр аз дохили мамлакат инчунин ба кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Германия, Ироқ ва Туркия содир гардид. 

Ҳаҷми маҳсулоти содиротии субъектҳои минтақа дар ин давра нисбат ба шашмоҳаи соли 2020   20,2 млн сомонӣ зиёд гардида, ба 39,6 млн сомонӣ расонида шуд.

Дар ин бора 21 июл зимни нишасти матбуотӣ роҳбари МОИ «Суғд» Илёсиддин Камолитдинзода ба рӯзноманигорон маълумот дод.

Бино ба иттилои хабарнигори АМИТ “Ховар” Абдуаҳад Шарифзода, зимни нишаст иброз гардид, ки айни ҳол аз 31 корхонаи ҳамчун субъект ба қайд гирифташуда 21-тоаш фаъолияти мунтазам  доранд. Дар МОИ “Суғд” нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 110 ҷойи кори нав ташкил шуда, ҳоло миқдори умумии ҷойҳои корӣ ба 716 адад расидааст.

Таъкид гардид, ки дар моҳҳои январ-июни соли 2021 аз ҷониби субъектҳои Минтақаи озоди иқтисодӣ ба буҷаи давлат 2,6 млн сомонӣ маблағи андозҳо (андози даромад ва андози иҷтимоӣ) ва 12,4 млн сомонӣ пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда пардохт гардидааст, ки мутаносибан нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 0,8 млн сомонӣ ва  4,6 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Дар маҷмӯъ давоми шаш моҳи аввали соли 2021 дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ ба 118,2 млн сомонӣ баробар гардида, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 52,7 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Бояд гуфт, ки Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” дар шаҳри Хуҷанд ҷойгир буда, масоҳати он 320 гектарро ташкил медиҳад.

Июль 21, 2021 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва бо ташаббуси Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ Конфронси сатҳи баланд оид ба бехатарии парвозҳо баргузор гардид
Бо мақсади рушди фаъолияти соҳибкории занон бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ вохӯрӣ доир гардид
ҲУШДОРИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН: ҳар як паём ё файлро бодиққат санҷед
Форуми сеюми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон доир шуд
Дар Душанбе сеюмин Форуми байналмилалии ПЛАС «Digital Tajikistan 2026» баргузор гардид
Корхонаи пахтатозакунию равғанбарории ҶДММ «Кони ганҷ»-и Зафаробод бо иқтидори пурра фаъолият дорад
Имконоти сайёҳии Тоҷикистон тавассути шабакаи байналмилалии «Euronews» муаррифӣ мегарданд
Дар деҳаи Кулчашмаи ноҳияи Муъминобод фурудгоҳи маҳаллӣ навсозӣ мешавад
РАҚАМИКУНОНИИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. Дар Тоҷикистон беш аз 120 хизматрасонии давлатӣ тавассути портали электронӣ дастрас мебошад
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan 2026» оғоз шуд
Форуми III байналмилалии саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлургия оғоз шуд
САНОАТИ МАЪДАН ВА МЕТАЛЛУРГИЯ. Он яке аз муҳимтарин бахшҳои саноат мебошад