Кӯлоб: Барои риоя накардани қоидаҳои савдо 352 нафар соҳибкорон ҷарима шуданд

Июль 26, 2021 16:44

КӮЛОБ, 26.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади амалӣ намудани тартиби коркарди маҳсулоти ғайристандартӣ ва пешгирӣ аз фурӯши  маҳсулоти муҳлаташон гузашта масъулини нозироти савдои Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои минтақаи Кӯлоб то ин муддат кори 287  нуқтаи савдо, бозорҳо ва мағозаҳои хӯроки умумиро санҷиданд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ  сардори раёсати мазкур  Ҷурахон Сайдализода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Дар натиҷа барои риоя накардани қоидаҳои савдо  ба 352  нафар соҳибкорони нуқтаҳои савдо, хӯроки умумӣ ва нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарима ба маблағи 43 680  сомонӣ муқаррар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 104 ҷарима зиёд мебошад.

Кормандони шуъбаи нозироти савдо аз  224  нуқтаи фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ намуна барои ташхис гирифта, 26 адад фурӯзонакҳои симобдор, 18 адад фурӯзонакҳои тафсон ва 150 адад бозичаҳои чиниро  аз муомилот гирифтанд. Аз намунаҳои гирифташуда  дар 192 ҳолат маҳсулоти хӯрокворӣ ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҷавобгӯ набуд.

То ин давра маҳсулоти хӯрокворӣ,  аз ҷумла қаннодӣ-  219 кг,  маҳсулоти ғайримашруботӣ — 286 л, чой — 6,5 кг,  маҳсулоти ширӣ — 14,3 кг, маҳсулоти гӯштӣ — 5 кг, қайлаи помидор — 7,4 кг, намак — 18 кг ва дигар маҳсулоти муҳлати  истифодаашон гузашта аз муомилот гирифта шуданд.

Зикр шуд, ки  шуъбаи сертификатсиякунонӣ ва шаҳодатномадиҳии кору хизматрасонӣ барои мувофиқи матлаб ба иҷро расонидани  кори ба тартибдарориву сертификатсия намудани нуктаҳои кору  хизматрасонӣ,  ошхонаву чойхона, мағозаю бозорҳо ва нуктаҳои  дигари  кору хизматрасонӣ,  иҷрои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, стандартҳои давлатӣ ҳуҷҷатҳои меъёриро дастраси кори хеш қарор дода, ба 370 соҳибкор шаҳодатномаи кору  хизматрасонӣ муқаррар   намудааст.

 

Акс аз АМИТ «Ховар»

Июль 26, 2021 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе маркаи почтавӣ бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ба муомилот бароварда шуд
Дар Хоруғ оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика мулоқот доир шуд
Душанбе мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва рақамикунонӣ гардид
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд
Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд
Дар Муғулистон доир ба рушди савдо ва сайёҳӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқа барои давлатҳои аъзои ИДМ оғоз гардид
Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид