Корҳои бунёд ва барқароркунии ҷангалзор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 439,6 гектар зиёд мебошанд

Июль 23, 2021 12:51

ДУШАНБЕ, 23.07.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Юсуфзода ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти Агентии хоҷагии ҷангал ва зерсохторҳои он пешбурди корҳои бунёду барқароркунии ҷангалзор маҳсуб мешавад. Мувофиқи маълумот, то моҳи июли соли равон дар ташкилоту муассисаҳои зертобеи Агентӣ корҳои бунёд ва барқароркунии  ҷангалзор дар майдони 1911 гектар гузаронида шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 439,6 гектар зиёд мебошад. Аз ҷумла, дар 602,3 гектар дарахтон шинонида шуда, дар 1308,7 гектар барқароркунӣ анҷом дода шудааст.

«Дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи  муассисаи давлатии хоҷагиҳои ҷангали шаҳру ноҳияҳо дар майдони беш аз 162 гектар хуч ва 28 гектар олучаи кӯҳӣ шинонида шудааст. Корҳои бунёду барқароркунӣ ва нигоҳубини ҷангал дар мавсими тирамоҳи соли равон идома меёбанд»,- гуфт мавсуф.

Муҳофизати ҷангал вазифаи муқаддаси кормандони соҳаи хоҷагии  ҷангал буда, дар шашмоҳаи соли равон аз тарафи кормандони ҳифзи давлатии ҷангал доир ба вайрон кардани талаботи қонунгузории соҳаи хоҷагии ҷангал ва шикор нисбат ба ҳуқуқвайронкунандагон 1278 санад тартиб дода шудааст. Аз  зарари муайяншуда  437, 6 ҳазор сомонии он барқарор карда шуд.  

Июль 23, 2021 12:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд