Корҳои бунёд ва барқароркунии ҷангалзор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 439,6 гектар зиёд мебошанд
ДУШАНБЕ, 23.07.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Юсуфзода ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти Агентии хоҷагии ҷангал ва зерсохторҳои он пешбурди корҳои бунёду барқароркунии ҷангалзор маҳсуб мешавад. Мувофиқи маълумот, то моҳи июли соли равон дар ташкилоту муассисаҳои зертобеи Агентӣ корҳои бунёд ва барқароркунии ҷангалзор дар майдони 1911 гектар гузаронида шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 439,6 гектар зиёд мебошад. Аз ҷумла, дар 602,3 гектар дарахтон шинонида шуда, дар 1308,7 гектар барқароркунӣ анҷом дода шудааст.
«Дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи муассисаи давлатии хоҷагиҳои ҷангали шаҳру ноҳияҳо дар майдони беш аз 162 гектар хуч ва 28 гектар олучаи кӯҳӣ шинонида шудааст. Корҳои бунёду барқароркунӣ ва нигоҳубини ҷангал дар мавсими тирамоҳи соли равон идома меёбанд»,- гуфт мавсуф.
Муҳофизати ҷангал вазифаи муқаддаси кормандони соҳаи хоҷагии ҷангал буда, дар шашмоҳаи соли равон аз тарафи кормандони ҳифзи давлатии ҷангал доир ба вайрон кардани талаботи қонунгузории соҳаи хоҷагии ҷангал ва шикор нисбат ба ҳуқуқвайронкунандагон 1278 санад тартиб дода шудааст. Аз зарари муайяншуда 437, 6 ҳазор сомонии он барқарор карда шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд






