Кумитаи андоз: Нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ 101,4 % таъмин гардид

Июль 31, 2021 09:10

ДУШАНБЕ, 31.07.2021 /АМИТ  «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли 2021  нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ки ҷамъоварии онҳо ба зиммаи мақомоти андоз гузошта шудааст, ба андозаи 101,4% таъмин гардида, ба ҷойи 6 млрд 454,9 млн сомонии пешбинишуда, ба буҷети давлатӣ 6 млрд 545,9 млн сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 91 млн сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин бора 30 июл зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода сухан гуфт.

«Дар натиҷаи рушди иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва тадбирҳои аз ҷониби мақомоти андоз андешида ҷиҳати беҳтар намудани маъмурикунонии андоз, хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ва сифати корҳои назоратӣ, рақамикунонии мақомоти андоз, бештар ва беҳтар намудани корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ ба шаҳрвандон ва андозсупорандагон воридоти андозҳои дохилӣ ба буҷети давлатӣ тамоюли афзоиш дошта, омилҳои мазкур барои таъмини нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар шашмоҳаи якуми соли равон мусоидат намуд.

Иҷрои сифатии қисми даромади буҷети давлатӣ нисбат ба солҳои қаблӣ беҳтар гардида, дар ин давра нақшаи танҳо як намуд — андоз аз арзиши иловашуда таъмин нагардид»,- афзуд Нусратулло Давлатзода.

Зикр шуд, ки бо мақсади ба танзим даровардани корҳои назоратӣ тайи солҳои охир банақшагирӣ ва гузаронидани санҷишҳо дар фаъолияти субъектҳои хоҷагидор асосан тибқи системаи баҳисобгирии хавфҳо ба роҳ монда шуда, тартиби мазкур имконият фароҳам овард, ки маъмурикунонии андоз ва сифати гузаронидани корҳои назоратӣ, махсусан санҷишҳои андозӣ ва назоратҳои камералӣ беҳтар карда шавад.

Дар шашмоҳаи якуми соли 2021 тибқи нақшаи тасдиқшуда ва дархостҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар фаъолияти зиёда аз 730 нафар шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ санҷиши риояи қонунгузории андоз гузаронида шуда, ба маблағи 377,8 млн. сомонӣ кам ҳисоб кардан ва пинҳонкунии андозҳо ошкор гардид. Аз ин ҳисоб ва аз ҳисоби маблағҳои солҳои қаблӣ ошкоршуда, дар маҷмӯъ ба буҷет 351,2 млн. сомонӣ ворид карда шуд.

Дар нишаст зикр шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ ба воситаи рақами содакардашудаи телефонии «151» ва телефони боварии Раиси Кумитаи андоз ба Кумитаи андоз оид ба беамалӣ ва қонунвайронкуниҳои кормандон 46 муроҷиат ва шикоят ворид гардида, дар натиҷаи баррасии шикоятҳо барои дар сатҳи дахлдор риоя ва иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, вайрон намудани қоидаҳои рафтори кормандони мақомоти андоз ва дигар камбудиҳо нисбат ба як гурӯҳ кормандони мақомоти андоз дар шаклҳои гуногун муҷозоти интизомӣ татбиқ карда шуда, ҷиҳати пешгирии беамалӣ ва қонунвайронкунӣ бо дигар кормандон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

 

Аксҳо аз АМИТ  «Ховар»

Июль 31, 2021 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид