Кумитаи рушди сайёҳӣ: «Таваҷҷуҳи шаҳрвандони дохилӣ ва хориҷӣ барои дидани мавзеъҳои тамошобоби ҷумҳурӣ меафзояд»

Июль 10, 2021 12:22

ДУШАНБЕ, 10.07.2021/АМИТ «Ховар»/. Сол то сол таваҷҷуҳи шаҳрвандони дохилӣ ва хориҷӣ барои дидани мавзеъҳои ҷолиб ва тамошобоби  минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ  меафзояд. Барои ба  ин  комёбӣ ноил гардидан, қабл аз ҳама мавҷудияти воситаҳои қабул ва хизматрасониҳои сайёҳӣ мусоидат менамоянд. Дигар омили мусоидаткунанда рушди инфрасохтор,  аз ҷумла беҳтар гардидани ҳолати роҳҳои маҳаллӣ, хизматрасонии нақлиётӣ, бунёди марказҳои муосири савдо, тиҷорати меҳмонхонавӣ ва ғайра мебошанд.

Ин матлабро  Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи мазкур оид ба ҷамъбасти нимсолаи аввали соли равон ва вазифагузориҳо барои нимсолаи дуюми соли 2021, ки бо иштироки  мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Сайфидин Сироҷзода, намояндагони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи рушди маҳал доир гардид, баён намуд.

Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, дар ҷаласа Раиси Кумита Тоҷиддин Ҷӯразода зикр намуд, ки  дар  натиҷаи ҳамкорӣ ва саъю кӯшиши якҷоя  бо сохтроҳои марбута омили эҳёи босуръати рушди соҳа таъмин гардида, дар ин замина   шаҳрвандон бо ҷойҳои кории нав таъмин гардида, беҳтар гардидани сифати нави зиндагии мардум ва аз ҳама муҳим омили мусоидаткунанда барои ба раванди ҷаҳонии сайёҳӣ шомил шудани давлатамон, ҳамчун кишвари осоишта ва дорои иқтидори бузурги сайёҳӣ бо пешниҳоди хизматрасонии муносиб боис мегардад.

Масъулини вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти маҳаллӣ бо дарназардошти соли ниҳоии «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» барои  фаъолияти пурсамар ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани чорабиниҳои банақшагирифта барои ҳамкории зич давъат гардиданд.

Ҳамчунин ҷиҳати ташкили босифати чорабиниҳо, аз ҷумла форуми сайёҳии СҲШ,  Фестивали хӯрокҳои миллии кишварҳои СҲШ, Форуми байналмилалии рушди агротуризм, дар доираи таҷлили 20 — солагии Созмони ҳамкории Шанхай, Фестивали байналмилалии «Душанбе-пойтахти сайёҳии ЭКО» масъулин дастурҳои мушаххас гирифтанд.

 Аксҳо аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ

Июль 10, 2021 12:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд