Миёни МОИ «Кӯлоб» ва «Тирмиз» санади ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд

Июль 27, 2021 16:32

ДУШАНБЕ, 27.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Миёни минтақаҳои озоди иқтисодии /МОИ/ «Кӯлоб»  ва «Тирмиз» Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд. Санади мазкур, ки барои тақвияти ҳамкорӣ миёни  ин ду минтақаи иқтисодӣ, ҷалби сармояи дохилӣ  ва татбиқи  лоиҳаҳои афзалиятноки  муштарак заминаи устувор мегузорад, дар доираи сафари кории ҳайати вилояти Хатлон ба вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Узбекистон таҳти роҳбарии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода  ба имзо расонида шуд.

Ҳайати кории вилояти Хатлон, ки аз  раисони якчанд шаҳру ноҳияҳои вилоят, роҳбарони маъмурияти МОИ «Кӯлоб», соҳибкорону сармоягузорон ва хоҷагидорон иборат буд, аз  МОИ «Тирмиз», Маркази байналмилалии тиҷоратии Тирмиз ва Маркази байналмилалии логистикии «Тирмиз Карго Сентр» боздид  намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки МОИ «Тирмиз» соли 2018 дар масоҳати 80,6 гектар таъсис дода шуда, дар  ҳудуди он бунёди Маркази байналмилалии тиҷоратии Тирмиз дар майдони 26 гектар бо арзиши умумии 75 миллион доллар  пешбинӣ гардидааст.

Дар доираи сафар вохӯрии роҳбари маъмурияти МОИ «Кӯлоб»  Мустафо Абдуллозода бо роҳбари дирексияи МОИ «Тирмиз» Улуғбек   Сапиев сурат гирифта, маводи иттилоотӣ оид ба имконоти сармоягузорӣ дар МОИ «Кӯлоб»  барои ҷалби сармоягузорони  Ҷумҳурии Узбекистон  ба ин минтақа  пешниҳод гардида, барои боздид аз МОИ  «Кӯлоб»  ва аз наздик шинос шудан бо имконияти сармоягузорӣ даъват ба амал оварда шуд.

Инчунин  ҳайати вилояти Хатлон аз якчанд иншооти истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ, аз ҷумла корхонаи истеҳсоли либосҳои тайёр-  ҶСК «ZIF Textile», кластери пахтаи ҶСК «Angor Surxon G’ururi», корхонаи  истеҳсоли ришта- ҶСК «Шеробод Текстил Инвест»,  хоҷагии анорпарварӣ,  гармхонаи комплексии  ҶСК «Шеробод Агро Импекс», корхонаи коркарди анор- ҶСК «Шеробод Анор Импекс», комбинати  абрешими ҶСК «Интер Силк Про», корхонаи истеҳсоли шиша ҶСК «Glass Expo Surxon» боздид намуданд.


Зимни сафари корӣ Форуми тиҷоратӣ байни вилоятҳои Сурхондарё ва Хатлон бо иштироки ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Узбекистон ва сармоягузорону соҳибкорон баргузор гардида, дар он ба иштирокчиён маълумоти муфассал оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодии  вилоятҳои Хатлон ва Сурхондарё пешниҳод карда шуд.

Июль 27, 2021 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд