Миёни сарвазирони Тоҷикистон ва Қазоқистон гуфтугӯи телефонӣ сурат гирифт

Июль 24, 2021 10:33

ДУШАНБЕ, 24.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 24 июл бо ташаббуси ҷониби Қазоқистон гуфтугӯи телефонии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Коҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Мамин баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Мусоҳибон масъалаҳои мубрами дуҷонибаи  Тоҷикистону Қазоқистонро дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ карданд. Таваҷҷуҳи хосса ба татбиқи созишномаҳои дар натиҷаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  19-20 майи соли 2021 бадастомада зоҳир карда шуд.

Бо назардошти хушксолии шадиди имсол дар минтақа мушоҳидашаванда, ҷониби Тоҷикистон бар асоси принсипҳои дастгирии мутақобила, дӯстӣ ва ҳамсоягии нек тасмим гирифт, ки барои эҳтиёҷоти обёрии Қазоқистон аз обанбори «Баҳри Тоҷик» ба андозаи 50 метри мукааб об дар сония иловатан зиёд кунад.

Июль 24, 2021 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд