Нашриёти «Адиб» дар шаҳри Бохтар намоиш-фурӯши китоб доир кард
ДУШАНБЕ, 02.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Муассисаи нашриявии «Адиб» дар майдони «70- солагии Водии Вахш»-и шаҳри Бохтари вилояти Хатлон намоиш- фурӯши китоб доир намуд. Дар ин маъракаи фарҳангӣ зиёда аз 5 ҳазор нусха китоб иборат аз 140 номгӯйи асарҳо аз адабиёти классику муосири тоҷик ва ҷаҳон, инчунин адабиёти бачагонаро пешкаши алоқамандони мутолиа гардонида шуд.
Тавре директори Нашриёти «Адиб» Давлат Сафар ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар намоиш-фурӯши китоб намояндагони соҳаҳои мухталифи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ҷамъ омада, асарҳои писандидаи хешро дарёфт намуда шоиру нависандагони маъруфи тоҷик аз наздик шинос шуда, дар китобҳои харидаашон соядаст мегиранд.
Ин бори дуюм аст, ки дар шаҳри Бохтар аз ҷониби Нашриёти «Адиб» чунин намоиш-фурӯши китоб баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки 12 декабри соли гузашта дар саҳни бинои Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав бо ташаббуси Нашриёти «Адиб» намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор гардид. Мояи ифтихор ва хушҳолист, ки давоми ду соати баргузории ин намоиш-фурӯш 5000 нусха китобҳои пешниҳоднамудаи муассисаи мазкур пурра ба савдо рафтанд, ки ин бори дигар аз муҳаббати беандозаи ҳамватанони мо ба китоб ва арҷгузорӣ ба он дарак медиҳад.
«Бахусус аз фаъолнокии омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар бо роҳбаладии ректори муасисса Сайфиддин Давлатзода дар ин намоиш –фурӯши китоб ба ваҷҳ омадем. Таваҷҷуҳи ихлосмандон ба осори тозанашри адибони классику муосири тоҷику форс ва ҷаҳон манзараи боварнокарданиро мемонд. Ҳозирин дар талоши интихоби китоб чунон саргарм шуданд, мисли шахсе, ки муддати тӯлонӣ ғизо нахӯрда бошад. Кош, ҳама муассисаҳои таълимӣ ба китобу китобхонӣ чунин муносибат мекарданду роҳбаронашон мисли Давлатзода Сайфиддин масъулиятшинос мебуд. Ана инро мегӯянд, ҳамовозӣ ба дастури Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби толибилмон ба китобу китобхонӣ»,- изҳор намуда буд он замон Давлат Сафар.
Аксҳо аз Нашриёти “Адиб”










Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд






