Навсозии роҳи мошингарди маркази шаҳри Истаравшан идома дорад
ДУШАНБЕ, 05.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан бо мақсади пешгирӣ аз тамбашавӣ, садамаҳои нохуш, инчунин таъмини ҳаракати озоди воситаҳои наклиёт тасмим гирифтааст, роҳи мошингарди хиёбони Исмоили Сомонӣ-Шонатарошон-Гули Сурхи шаҳрро навсозӣ намояд. Бо дастгирии соҳибкорон роҳи самти чапи сойи «Зарринруд»-ро аз назди ҶСК «Хуросон» то шаҳраки Гули Сурх васеъ намояд. Мувофиқи лоиҳа дарозии роҳи мазкур 430 метр буда, паҳноии он бо назардошти роҳравҳо 20 метрро дар бар мегирад.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ин масир ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз деҳаи Шонатарошон тавассути пули дарозиаш 40 метра ба шаҳраки Гули Сурх сурат мегирад. Сохтмони пул айни замон дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, то имрӯз 250 метри роҳи мазкур васеъ карда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан мумфаршкунии роҳҳои мошингарди байни шаҳраку маҳаллаҳо босуръат идома доранд. Аз ҷумла, чанде пеш дар кӯчаи ба номи Мумин Иброҳимови маҳаллаи Курушкадаи шаҳри Истаравшан ба мумфаршкунии роҳи мошингард оғоз карданд. Дарозии роҳ якҷо бо кӯчаҳои ҳамшафати он наздики 1 км ва паҳноии он 9 метрро ташкил медиҳад.
Дар оғози корҳои асфалтпӯшкунии роҳи кӯчаи мазкур раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ва собиқадорону сокинони маҳалла иштирок намуданд. Дар кӯчаҳои дигари маҳаллаи мазкур низ сокинон тасмим гирифтаанд, ки то ҷашни ваҳдати миллӣ мумфаршкунии роҳи мошингарди кӯчаҳояшонро ба анҷом бирасонанд. Сокинони маҳаллаи мазкур иброз доштанд, ки барои сазовор ва бошукӯҳ пешвоз гирифтани ҷашни миллӣ ҳар як тоҷкистониро зарур аст, ки саҳми хешро дар ободонию шукуфоии сарзамин гузоранд.
Хотиррасон мешавем, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Истаравшан бунёди 450 иншоот дар назар дошта шудааст. Аз ин шумора зиёда аз 270-тои он мавриди истифода қарор гирифтаанд.








Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд






