ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабр шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад

Июль 28, 2021 08:10

ДУШАНБЕ, 28.07.2021 /АМИТ “Ховар”/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши сусти борон ба амал меояд.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Дар минтақаҳои ғарбии вилоят чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 18+23 ва  рӯзона 32+37  дараҷа гарм мешавад.  Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 7+12 ва рӯзона  20+25  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш  пешбинӣ шудааст.   Шамол  аз самти шарқ бо суръати 4-9  ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 15-20 метр дар як сония мевазад. Чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 20+25  ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15  дараҷа гарм ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои  камабри  бебориш  дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 15-20 метр дар як сония мевазад. Чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27  ва рӯзона 37+42  дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 19+24 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва тағйирёбандаи  бебориш мешавад.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад.  Чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво  дар водиҳо  шабона 19+24 дараҷа гарм ва рӯзона 35+40  дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 15+20 ва рӯзона  31+36 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 ва дар баъзе ҳолатҳо бо шиддати то 7-12  метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  20+22  ва рӯзона 37+39 дараҷа гарм мешавад.

Июль 28, 2021 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд