ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабр ва тағйирёбанда мешавад

Июль 30, 2021 08:10

ДУШАНБЕ, 30.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, тӯфони чангу ғубор боқӣ мемонад. Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳо бориши сусти борон ба амал меояд.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад.  Чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 17+22 ва  рӯзона 29+34  дараҷа гарм мешавад.  Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 4+9 ва рӯзона  19+24  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш  пешбинӣ шудааст.   Шамол  аз самти шарқ бо суръати 4-9  ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад. Чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 20+25  ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15  дараҷа гарм ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои  камабри  бебориш  дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 15-20 метр дар як сония мевазад. Чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27  ва рӯзона 35+40  дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 18+23 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши сусти борон ба амал меояд.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад.  Туфони чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво  дар водиҳо  шабона 19+24  дараҷа гарм ва рӯзона 33+38  дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 16+21 ва рӯзона  29+34 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 ва дар баъзе ҳолатҳо бо шиддати то 7-12  метр дар як сония мевазад. Чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво шабона  20+22  ва рӯзона 36+38 дараҷа гарм мешавад.

Июль 30, 2021 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

11 август дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ нишасти матбуотӣ доир мегардад
«МЕЪМОР-2026». Озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ ҷамъбаст шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли равғани растанӣ зиёд гардидааст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт чор иншооти нав ба истифода дода шуд
Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Бадахшон татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуд
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамкориро бо 67 муассисаи илмӣ ва таълимии давлатҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Барои довталабон ва шахсони масъули рушди захираҳои инсонӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон оид ба барномаи JISPA ҳамоиш доир шуд
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид