ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабр ва тағйирёбанда мешаванд
ДУШАНБЕ, 01.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабр ва тағйирёбанда мешавад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, дар минтақаҳои алоҳидаи шарқии вилоят боришоти сусти борон ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришоти сусти борон пешбинӣ шуда, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 16+21 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши сусти борон борон пешбинӣ шудааст. Дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа гарм ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 19+21 ва рӯзона 37+39 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 90 – солагии профессор Муқаддима Ашрафӣ конференсия баргузор шуд
Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Намояндагони парлумонҳои Туркия, Узбекистон ва Озарбойҷон дар Осорхонаи миллӣ бо шоҳкориҳои нодири ниёгонамон шинос шуданд
Рӯзи ҷавонон на танҳо ҷашн, балки рӯзи умеду орзуҳо ва масъулияти насли ояндасози Тоҷикистон аст
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Турсунзода бо сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Наврасону ҷавонони ноҳияи Мурғоб дар ҳашари экологии «Соҳили тоза-2026» иштирок намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: Касбу кор аз хазина оғоз меёбад
Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд






