ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст

Июль 24, 2021 08:26

ДУШАНБЕ, 24.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабр ва тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 12+17 ва  рӯзона 29+34  дараҷа гарм мешавад.  Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 2+7 ва рӯзона  10+15 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва тағйирёбандаи  беборир мешавад.   Шамол  аз самти шарқ бо суръати 4-9  ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 19+24  ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8+13  дараҷа гарм ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои  камабри  бебориш  пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Дар қисмати ҷанубии вилоят чангу ғубори суст ба амал меояд.  Ҳаво дар водиҳо шабона 23+28  ва рӯзона 39+44  дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 18+23 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво  камабр ва тағйирёбанда бебориш мешавад.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 7-12 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 18+23 дараҷа гарм ва рӯзона 36+41  дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 12+17 ва рӯзона  30+35 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  20+22  ва рӯзона 38+40  дараҷа гарм мешавад.

Июль 24, 2021 08:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад