Ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ оид ба тенниси рӯйи миз ва шоҳмоту шашка муайян шуданд

Июль 15, 2021 14:20

 ДУШАНБЕ, 15.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳри Душанбе миёни кормандони вазорату идораҳо мусобиқаҳои варзишӣ аз намуди тенниси рӯйи миз ва шоҳмоту шашка доир гардиданд.

Дар ҷамъбасти мусобиқаи  тенниси рӯи миз аз рӯи барномаи гурӯҳӣ байни мардон дастаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи якумро соҳиб гардид. Инчунин дастаи Вазорати корҳои дохилӣ ҷойи дуюм ва дастаи БДАҶТ “Амонатбонк” мақоми сеюмро ишғол намуданд.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, байни бонувон ҷойи якум насиби  дастаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш шуда, ҷойи дуюмро  дастаи Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷойи сеюмро дастаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиб гардиданд.

Аз рӯи намуди шоҳмот ва шашка 11 даста бо иштироки 50 нафар сабқат намуданд.

Зимни натиҷагирӣ дастаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи якум, дастаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи дуюм ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Дар мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди шашка дастаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи якум, дастаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи дуюм ва дастаи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи сеюмро касб намуданд.

Дар маросими ҷамъбастӣ ба ғолибони мусобиқаҳо  аз ҷониби раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш  Абдулло Раҳмонзода диплом, медал ва ҷом супорида шуданд.

Мусобиқаи мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он  роҳандозӣ карда шуд.

Дар мусобиқаи варзишӣ оид ба тенниси рӯйи миз 13 даста бо фарогирии 104 нафар ширкат варзиданд. Мусобиқа аз рӯи барномаҳои даставӣ, инфиродӣ, ҷуфтӣ ва омехта байни мардон ва бонувон сурат гирифт.

Июль 15, 2021 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад