Паҳлавони маъруфи тоҷик Сомон Маҳмадбеков бо ду пирӯзӣ ва як бохт Бозиҳои олимпиро ҷамъбаст намуд

Июль 26, 2021 10:50

ДУШАНБЕ, 26.07.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз  дар доираи Бозиҳои олимпии Токио-2020 мусобиқа  оид ба намуди гӯштини дзюдо  дар вазни -73кг баргузор шуд, ки дар он паҳлавони маъруфи тоҷик Сомон Маҳмадбеков ширкат кард.

Сомон Маҳмадбеков дар даври аввал Аҳмад Аликай аз дастаи паноҳандагон ва дар даври дуюм Файе Нҷийе аз Гамбиаро шикаст дода, ба ҳаштякфинал роҳ ёфт, вале дар ин давр аз ноибқаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-2016- паҳлавони  муваффақи Озарбойҷон Рустам Оруҷов бо як вазарӣ мағлуб шуд.
Ҳамин тариқ, Бозиҳои олимпии Токио-2020  барои Сомон Маҳмадбеков анҷом ёфтанд.

Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Паҳлавонони дигари тоҷик фардо мусобиқаро идома медиҳанд. Акмал Муродов дар вазни -81кг қувва месанҷад. Ҳарифи ӯ дар даври аввал Ҷоштер Андрев аз Гуам мебошад. Оғози қувваозмоиҳо соати 7:00 бо вақти Душанбе.

Сипас, 28 июл паҳлавонони шинохтаи тоҷик Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90кг ва 31 июл Темур Раҳимов дар вазни +100кг гӯштин мегиранд.

Июль 26, 2021 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Кубаро мағлуб кард
Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд