Пагоҳ Вазорати корҳои хориҷӣ, Агентии авиатсияи гражданӣ, Академияи миллии илмҳо, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

Июль 26, 2021 10:30

ДУШАНБЕ, 26.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 27 июл Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии  «Тоҷикаэронавигатсия», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик  Эйр», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»,  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,  Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе  оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2021 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нишасти матбуотии Академияи миллии илмҳо соати 08:00 дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳо баргузор мешавад.

Академияи идоракунии давлатӣ соати 09:00 дар Академияи мазкур нишасти матбуотӣ баргузор менамояд.

Нишасти матбуотии Вазорати корҳои хориҷӣ соати 10:00 дар Вазорати корҳои хориҷӣ доир мешавад.

Агентии авиатсияи гражданӣ дар якҷоягӣ бо КВД «Тоҷикаэронавигатсия», ҶСК «Тоҷик Эйр», ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» соати 10:00 дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нишасти матбуотии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ  соати 11:00 дар КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ доир мегардад.

Нишасти матбуотии  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур соати 09:00 ва ноҳияи Сино соати 14:00 дар бинои ҳукуматҳои ноҳияҳо баргузор мешаванд.

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бояд бо АМИТ «Ховар» тавассути телефонҳои 238-54-23, 888-08-34-04 мувофиқа намоянд.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» —www.khovar.tj  ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Июль 26, 2021 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид