Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Июль 5, 2021 17:25

ДУШАНБЕ, 05.07.2021. /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми имрӯз,  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Зимни суҳбат сарони ду давлат ҷанбаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон ва минтақавиро баррасӣ намуданд.

Дар манзари бад шудани вазъ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, сарони давлатҳо ҳолати кунунии ҳарбию сиёсиро дар ин кишвари ҳамсоя муфассал муҳокима карданд.

Ҷонибҳо аз шадидтар шудани вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадии вилоятҳои шимолӣ ва шимолу шарқии Афғонистон изҳори нигаронӣ намуданд.

Дар робита ба ин, бо мақсади пешгирии таҳдидҳои мавҷуда ба амнияти минтақавӣ, аҳамияти қадамҳои муштараки минбаъда дар роҳи таҳкими ҳамкории мақомоти салоҳиятдор ва вазорату идораҳои марбутаи ду кишвар зикр гардид.

Июль 5, 2021 17:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд