Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Вячеслав Володин мулоқот намуданд

Июль 1, 2021 15:11

ДУШАНБЕ, 01.07.2021 /АМИТ«Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Вячеслав Викторович Володин бо ҳайатҳои хоса мулоқот анҷом доданд.

Тавре аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, дар оғози суҳбат мавқеъ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Россия дар пасманзари шарикии стратегии ду давлат ва дар ин раванд нақши муҳиму муассири робитаҳои байнипарламентӣ, ки ба таври назаррас  густариш меёбанд, зикр гардид.

Ҷонибҳо дар атрофи вазъи ҳамкорӣ ва робитаҳои миёни ду кишвар мубодилаи афкор намуда, бо қаноатмандӣ иброз карданд, ки тавассути мулоқоту суҳбатҳо ва баррасии мунтазами масъалаҳои афзалиятнок кишварҳои мо ба сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф ноил гардиданд.

Дар марҳилаи имрӯза мавриди таваҷҷуҳ  қарор додани татбиқи саривақтӣ ва пурраи созишномаҳои қаблӣ  аҳамиятнок арзёбӣ гардид.

Таъкид гардид, ки робитаҳои байнипарламентӣяке аз шохаи муҳими маҷмӯи муносибатҳои Тоҷикистону  Россияро ташкил медиҳад ва он дар сиғаҳои гуногун, аз ҷумла Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ  амалӣ мегарданд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи ҳамтои худро ба тавсеаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, ҷалби сармояи россиягӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, мавҷудияти захира ва иқтидори васеъ барои афзоиш додани ҳаҷми савдои мутақобила, сармоягузорӣ ва робитаҳои байниминтақавӣ, ҳамзамон фаъолгардонии кори мақомоти салоҳиятноки ҳар ду ҷониб дар ин бахшҳо, аз ҷумла дар доираи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ҷалб намуданд.

Вобаста ба татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар зарурат ва дурнамои афзалиятдори ҳамкорӣ дар самти роҳандозӣ намудани истеҳсолоти муштараки маҳсулоти саноатӣ бо истифода аз технологияҳои россиягӣ ва коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, ичунин содироти минбаъдаи он ба бозорҳои Россия таъкид гардид.

Тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иҷтимоиву башардӯстона ва ҳалли масъалаҳое, ки дар натиҷаи пандемияи коронавируси нав ба миён омада буданд, чун яке аз мавзӯъҳои асосӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҷониби Россия ҷиҳати расонидани кумакҳои башардӯстонаи тиббӣ, аз ҷумла барои ташхиси бемории COVID-19 изҳори миннатдорӣ карда, идомаи ҳамоҳангсозӣ ва татбиқи тадбирҳои муштаракро дар самти муқовимат ба ин беморӣ мувофиқи мақсад шумориданд.

Дар доираи мулоқоти дуҷониба ба баррасӣ ва муҳокимаи маҷмӯи масъалаву мушкилоти муҳоҷирати меҳнатӣ аҳамияти дахлдор дода шуд. Ҷониби Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки дар ин самт тадбирҳои мақсаднок, аз ҷумла барқарорсозии парвозҳои мунтазам ва рафтуомади бемонеаи шаҳрвандон таҳия ва амалӣ  гарданд.

Ҷонибҳо таҳкими ҳамкориро дар соҳаҳои башардӯстона ва маориф, ҷараёни таҳсили теъдоди зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии Россия, фаъолияти бомуваффақонаи филиали як қатор донишгоҳ ва донишкадаҳои россиягӣ дар Тоҷикистон, омӯзиш ва тарғиби забону фарҳанги русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин оғози амалисозии лоиҳаи бунёди 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо маблағгузории Ҳукумати Федератсияи Россия дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзодаро бо қаноатмандӣ зикр карда, барои ҳарчӣ зудтар амалӣ гардидани иқдомоти мазкур ҳавасмандӣ изҳор намуданд.

Дар баробари ин, ҳамкорӣ ва муқовимат бар муқобили хатару таҳдидҳои фаромиллӣ ба амнияти минтақа ва ҷаҳон ҳамчун самти калидии муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ гардид. Вазъияти ноорому номуайян дар марзи Афғонистон идомаи музокиротро оид ба мушкилоти афғонӣ, таъмини доимии омодагии ҳарбӣ ва тақвияти ҳамкориро бо Россия дар бахши мудофиа, амният ваҳарбӣ-техникӣ тақозо дорад.

Дар мулоқот инчунин дигар масъалаҳои дуҷониба мавриди баррасии мушаххаси ҷонибҳо қарор гирифтанд.

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Июль 1, 2021 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси кумитаи Маҷлиси миллӣ бо Сафири Франсия дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Ашимбаев Маулен Сагатханули суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Вокуниши Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муроҷиати дастаҷамъонаи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳти унвони «Мо ҷонибдори амнияти фарзандонамон»
Ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии СААД баргузор мешавад
Маҷлиси намояндагон дар давраи иҷлосияи дуюм беш аз 817 санади меъёрии ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор дода, қарорҳои дахлдор қабул намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Вулуси ҷиргаи (Маҷлиси намояндагони) Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмонӣ мулоқот намуданд
Барои бозгардонии дороиҳо, маблағҳо ва ҷалби сармояи шаҳрвандон ба иқтисоди миллӣ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад
Лоиҳаи қонун «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт
Ҷаласаи ҳамоҳангсозии сарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои узви СААД дар АБ САҲА фосилавӣ баргузор гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон, даъвати шашум як зумра қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд
Раиси Гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо Сафири фавқуллода ва мухтори Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

Маводҳои таҳлилӣ