Равобити тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва Туркия дар давраи пандемия баррасӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 26.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Сарфи назар аз шароити душвори раванди пандемия имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Туркия дар бисёр соҳаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар ин давра мулоқоту суҳбатҳои маҷозӣ ва конфронсҳои гуногун таҳти роҳбарии Шӯрои соҳибкорони Туркия-Тоҷикистон (ДЕИК) дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия, Палатаи тиҷоратии Коҷаэлӣ ва Палатаи савдо ва саноати шаҳри Бурса баргузор гардиданд.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Истанбул Манижаи МАҚСУД хабар медиҳад, яке аз чунин чорабиниҳо конфронси тасвирӣ таҳти унвони «Имкониятҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ байни Тоҷикистону Туркия» буд, ки дар он намояндагони беш аз 50 ширкат иштирок карда, имконоти ҳамкорӣ ва сармоягузориро дар соҳаҳои гуногунҷанба мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимни конфронс зикр гардид, ки ба имзо расонидани Созишномаи тиҷоратии имтиёзнок барои расидан ба ҳадафи гузошташуда — афзоиш додани ҳаҷми тиҷорати дуҷониба ба як миллиард доллар аҳамияти муҳим дорад.
Ҳамчунин дар Туркия Рӯзи кишвари Тоҷикистон ва имконияти сармоягузорӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони ҳар ду давлат иштирок карда, оид ба имконоти ҳамкории дуҷониба мубодилаи афкор намуданд.
Раиси Шӯрои соҳибкорони Туркия – Тоҷикистон Ҷаҳонгир Саатчиоғлу зимни мусоҳибаи телефонӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Истанбул гуфт, ки новобаста ба суръати паҳншавии коронавирус, ки боиси татбиқи баъзе тадбирҳо ва ба таъхир андохтани нақшаҳои ҳамкорӣ байни ду кишвар гардид, Шӯрои мо, ки шомили ДЕИК ё Кумитаи равобити иқтисодии хориҷии Туркия мебошад, барои ташвиқи сармоягузорони турк ва инкишоф додани муносибатҳои дуҷониба саҳми арзандаи худро дареғ нахоҳад дошт.
Шӯрои соҳибкорони Туркия-Тоҷикистон барои саҳм гузоштан дар рушд ва инкишофи муносибатҳои дуҷониба барои соли 2020 соҳиби ҷоизаи Кумитаи равобити иқтисодии хориҷии Туркия шуд.
Раиси Шӯрои мазкур зимни мусоҳиба гуфт, ки «ДЕИК — Кумитаи равобити иқтисодии хориҷии Туркия дорои 136 Шӯрои тиҷоратӣ мебошад. Ин ҷоиза, ки аз байни ин ҳама шӯроҳои корӣ ба Шӯрои соҳибкорони Туркия-Тоҷикистон дода шуд, худ нишонаи он аст, ки то чӣ андоза муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногунҷанба инкишоф ёфтаанд. Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки моҳи августи соли ҷорӣ нишасти ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Туркия дар соҳаи доруворӣ баргузор хоҳад шуд, ки эҳтимол Шӯрои соҳибкорони Туркия-Тоҷикистон сафари расмии имсолаи худро низ дар ҳамин моҳ анҷом диҳад.
АКСҲО аз АМИТ «Ховар»








Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид






