Сели азим дар Панҷакент сабаби талафоти ҷониву молӣ гардид

Июль 21, 2021 08:20

ДУШАНБЕ, 21.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 19 июл бар асари боридани боронҳои пуршиддат дар ҳудуди чор ноҳияи вилояти Суғд омадани сел ба қайд гирифта шуд.

Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, 19 июл, тақрибан соати 15:30, баъди боронҳои пай дар пай дар деҳаи Дашти Қозии Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд сел фаромад. Дар чарогоҳи тобистонаи деҳаи Киштудак, ки дар баландии тақрибан 30 км аз Ҷамоати деҳоти Дашти Қозӣ ҷойгир аст, 10 нафар одамоне, ки ба чаронидани чорво машғул буданд, дучори сел шуданд.

Инчунин дар натиҷаи офати табиӣ ва обу лойқа қисман ба 15 бинои истиқоматӣ, қитъаҳои наздиҳавлигӣ, 3 км роҳи байни деҳаҳо зарар расида, боиси талафоти 35 сар чорвои калони шохдор ва чорвои майда шуд. Аҳолии маҳаллӣ тахминан соати 17:30 ҷасади ду занро аз зери лойоба берун оварданд.

Барои бурдани корҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ фавран ба ҷойи ҳодиса наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар минтақаи Зарафшон фиристода шуданд.

Пас аз амалиёти наҷот ҷасади 8 сокини деҳаи Киштудак аз зери лой берун оварда шуд. Ҷустуҷӯи ду нафари дигар идома дорад.

Инчунин дар қаламрави деҳаи Вашани Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ сел ба қайд гирифта шудааст. Тибқи маълумоти пешакӣ, дар натиҷаи сел 4 км роҳи мошингард, 2 пул,  хати барқ вайрон гардида, таҳхонаҳои 8 бинои истиқоматӣ  ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ қисман аз лойоба пур шудаанд.

Худи ҳамон рӯз, дар натиҷаи бориши шадид дар деҳаҳои Пасти-Гал, Хабишар, Тит, Рогиф ва Ревемутки Ҷамоати деҳоти Иван-Тоҷики ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳии вилояти Суғд омадани сел ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷаи офати табиӣ  3 бинои истиқоматӣ пурра,  5 бинои истиқоматӣ қисман, 8 иншооти ёрирасон, 10 км роҳ, 20 гектар замини корам ва 2 пул осеб дидаанд. Талафоти ҷонӣ нест.

Ҳамчунин 19 июл, соати 17:30, дар деҳаи Росровути Ҷамоати деҳоти Росровут ва дар деҳаи Некти Ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич омадани сел ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа 15 бинои истиқоматӣ, роҳҳо ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ қисман хароб шудаанд.

Барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ комиссияҳои ноҳиявии ҳолатҳои фавқулода ба кор оғоз намудаанд. Дар айни замон корҳо барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ идома доранд.

Июль 21, 2021 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд