Сироҷиддин Икромӣ: Дороиҳо ва сармояи «Амонатбонк» афзудаанд
ДУШАНБЕ, 21.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дороиҳои яке аз куҳантарин бонкҳои Тоҷикистон –Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» ба санаи 30 июни соли равон беш аз 4,6 миллион сомонӣ ва уҳдадориҳои бонк зиёда аз 4,2 миллион сомониро ташкил додаанд, ки дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 10,5 фоиз зиёд мебошанд.
Тавре дар нишасти матбуотӣ Раиси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ ба намояндагони расонаҳои хабарӣ гуфт, «дар ин давра пардохтпазирии бонк дар сатҳи баланд нигоҳ дошта шуда, маблағҳо сари вақт ба ҳисобҳои дахлдор гузаронида шуданд».
Сироҷиддин Икромӣ афзуд, ки дар ин давра сармояи «Амонатбонк» ба андозаи 10,5 фоиз афзоиш ёфта, ба зиёда аз 491 миллион сомонӣ баробар шуд, даромади софи бонк зиёда аз 33 миллион сомониро ташкил намуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 39 фоиз зиёд мебошад. Инчунин «Амонатбонк» аз рӯи фаъолияти худ ба андозаи 62,4 миллион сомонӣ андозу пардохтҳои ҳатмиро ба буҷети давлатӣ пардохт намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 18 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳамзамон бо мақсади ҷорӣ намудани теҳнологияи қабули андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ аз аҳолӣ дар ҳамбастагӣ бо мутахассисони Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ 317 нуқтаи қабул дар марказҳои хизматрасонии филиалҳои «Амонатбонк» дар минтақаҳои кишвар бо истифода аз барномаи «Қабули пардохтҳо» фаъолият доранд, ки 17 адади он имсол пайваст гардидаанд.








Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснулин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Дар доираи Sibos 2026 ҳамкории Тоҷикистон бо SWIFT баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1093 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе маркаи почтавӣ бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ба муомилот бароварда шуд
Дар Хоруғ оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика мулоқот доир шуд
Душанбе мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва рақамикунонӣ гардид
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд
Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд
Дар Муғулистон доир ба рушди савдо ва сайёҳӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқа барои давлатҳои аъзои ИДМ оғоз гардид
Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд






