Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар шаҳри Душанбе: «Нисбат ба саломатии худ ва наздиконатон бепарво набошед!»

Июль 7, 2021 09:02

ДУШАНБЕ, 07.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре ба мушоҳида мерасад, вақтҳои охир сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе нисбат ба  саломатии худ ва атрофиён фориғбол гардида, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, маконҳои серодам, бозору марказҳои савдо, боғу гулгашт ва нақлиёти ҷамъиятӣ аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода намебаранд, ки ин амал дар вазъияти хуруҷи мавҷи навбатии бемории сироятии коронавируси COVID-19 хатарафзо мебошад. Аз ҷумла, зимни наворбардории гурӯҳи корӣ  дар КВД «Бозори деҳқон» маълум гардид, ки шумораи зиёди сокинон ба бозор бе ниқоб ворид мешаванд ва ҳамчунин аксарияти фурӯшандагони ин бозор  бе ниқоб фаъолият менамоянд, ки ин ҳолат боиси нигаронӣ аст.

Ин матлаб дар  ҷаласаи навбатии Ситоди шаҳрӣ  оид ба  пешгирӣ аз интиқол ва  паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар шаҳри Душанбе, ки 6 июн доир гардид,  баён шуд.

Тавре сардори шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Олимов ба АМИТ «Ховар» хабар дод,  дар ҷаласа роҳбарият ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва роҳбарону масъулони сохторҳои марбутаи шаҳриву ноҳиявӣ иштирок намуданд.

Таъкид гардид, ки дар шаҳри Душанбе тадбирҳо ҷиҳати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва истифодаи ҳатмии ниқоб бояд пурзӯр карда шавад. Зеро мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки новобаста аз таъкидҳои табибону мутахассисон шаҳрвандон дар бархе маврид бениқоб гуштугузор намуда, қойидаҳои беҳдоштро риоя накарда, ҳатто ҳар гуна маъракаҳои серодамро доир менамоянд. Аз ин хотир,  корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ баҳри пешгирӣ аз бемориҳои сироятии коронавируси COVID-19 аз нав ба роҳ монда шуданд. Ҳамчунин гуфта шуд, ки мавҷи навбатии сирояти COVID-19 чандин кишварҳои минтақа ва ҷаҳонро фаро гирифта, ин раванд ҳанӯз ҳам идома дорад.

Мутахассисон изҳор медоранд, ки сабаби асосии паҳншавии ин бемории сироятӣ — риоя накардани қоидаҳои беҳдоштиву масофаи иҷтимоӣ, беэътиноӣ нисбат ба  саломатии худу атрофиён ва истифода накардани ниқоб мебошад.

Гурӯҳҳои корӣ  дар тамоми марказҳои савдою хизматрасонӣ, бозорҳо, ҷаамъиятӣ ва дигар маконҳои серодами пойтахт корҳои фаҳмондадиҳиро пеш мебаранд.

Ситоди шаҳрӣ  оид ба  пешгирӣ аз интиқол ва  паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар шаҳри Душанбе аз тамоми сокинон ва меҳмонони пойтахро хоҳиш ва талаб  менамояд, ки  нисбат ба саломатии худ ва наздиконашон  бепарвоӣ зоҳир накарда, барои эмин мондан аз сирояти COVID-19 тибқи дастур ва тавсияи табибон амал намоянд.

АКСҲО: МИҲД шаҳри Душанбе

Июль 7, 2021 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд