Сокинони деҳаи Кӯҳдомани ноҳияи Ҷайҳун бо оби босифати ошомиданӣ таъмин мегарданд

Июль 9, 2021 11:33

ДУШАНБЕ, 09.07.2021. /АМИТ «Ховар»/.  Бо мақсади таъмини 300 хоҷагии деҳаи Кӯҳдомани ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳун  бо оби босифати ошомиданӣ ба масофаи 2-километр қубурҳои пластикӣ гузаронида шуда истодааст. Сокинони деҳа зиёда аз 20 сол мешавад, ки аз норасоии оби нӯшокӣ  танқисӣ мекашиданд.

Тавре аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин иқдом дар доираи амалӣ намудани аксияи тарғиботӣ –ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва «Якҷоя месозем!» дар самти обёрикунонии маҳаллаву деҳот роҳандозӣ гардидааст.

Дар ин амали нек, ки бо тариқи ҳашар сурат мегирад,   муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳияи мазкур  Муҳамадҷон Зайдуллоев, Асалмамад Бекмамадов, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Куҳдоман” Батуралӣ Қурбонов, аъзои фаъоли ташкилотҳои ибтидоӣ ва сокинони деҳа  саҳми намоён мегузоранд.

Ёдовар мешавем, ки бахшида ба  ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя месозем» дар ноҳияи Ҷайҳун корҳои созандагию ободонӣ вусъат меёбанд.

Чанде пеш дар доираи аксияи мазкур  бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ, шахсони саховатпеша ва сокинон беш аз 4 километр роҳи мошингарди байни деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Яккадини ноҳияи Ҷайҳун мумфарш  карда шуд .

Сокинони ноҳияи Ҷайҳун  ҳамарӯза тариқи ҳашар ба роҳсозон кумак мерасонанд, то баҳри  дар сатҳи баланд доир гардидани  ҷашни миллӣ саҳмгузор бошанд.

Июль 9, 2021 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид