Соли 2021 ба Тоҷикистон 20,2 ҳазор тонна орд ба маблағи 5,3 млн доллари ИМА ворид гардид
ДУШАНБЕ, 14.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2021 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 20,2 ҳазор тонна орд ба маблағи 5,3 млн доллари ИМА ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27,3 ҳазор тонна кам мебошад.
Ҳаҷми умумии маҳсулоти воридшуда 98,8 фоиз ба Ҷумҳурии Қазоқистон ва 1,2 фоиз ба Федератсияи Россия рост меояд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми раиси Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Қурбонзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ба зикри мавсуф, тибқи маълумоти оморӣ, дар ҷумҳурӣ 369,2 ҳазор тонна орд истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 ба миқдори 1,6 ҳазор тонна ва ё 0,4 фоиз зиёд мебошад.
Сафаралӣ Қурбонзода иброз дошт, ки ба ҳолати 30 июни соли 2021 дар бозорҳои шаҳри Душанбе як халта орди навъи якум аз 220 то 250 сомонӣ ва орди навъи дуюм аз 214 то 230 сомонӣ нархгузорӣ шудааст.
Дар вилояти Суғд нархи орди навъи якум аз 215 то 220 сомонӣ, навъи дуюм аз 185 то 190 сомонӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон орди навъи якум аз 235 то 265 сомонӣ ва дар вилояти Хатлон орди якум аз 225 то 235 ва орди навъи дуюм аз 218 то 220 сомониро ташкил медиҳад.
«Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар доираи ваколатҳои худ фаъолиятро дар самти рушди соҳибкорӣ ва рақобат, инчунин пешбурди сиёсати зиддиинҳисорӣ тақвият бахшида, якҷо бо дигар мақомоти давлатӣ барои муътадил нигоҳ доштани нарх дар бозори мамлакат ва пешгирии ҳолатҳои беасос баланд кардани он мунтазам тадбирҳои зарурӣ амалӣ менамояд»,- афзуд мавсуф.








Душанбе мизбони конференсияи миллӣ ва Намоишгоҳи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ мегардад
Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият медиҳанд
Дар Душанбе ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО оғоз шуд
Раванди татбиқи низоми электронии сертификатсияи фитосанитарӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳамкории Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ва Додгоҳи ҳисоби Туркия густариш меёбад
«ПАРДОХТИ ЯГОНАИ КОММУНАЛӢ». Низоми нав пардохтро барои сокинон осонтар, равшантар ва шаффофтар мегардонад
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Хатлон ба 42,5 миллиард сомонӣ баробар шуд
Тоҷикистон ният дорад то соли 2035 партовҳои газҳои гулхонаиро то 40 фоиз коҳиш диҳад
Рӯзи Президенти Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳими тақвими сиёсию фарҳангии ҷумҳурӣ ба шумор меравад
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон арҷ мегузоранд
АЗ СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОБИ ТОЗА ТО РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР, ҲИФЗШУДА ВА БОЭЪТИМОД. Андешаҳо дар ин маврид
Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад






