Соли 2021 ба Тоҷикистон 20,2 ҳазор тонна орд ба маблағи 5,3 млн доллари ИМА ворид гардид

Июль 14, 2021 16:40

ДУШАНБЕ, 14.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2021 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 20,2 ҳазор тонна орд ба маблағи 5,3 млн доллари ИМА ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27,3 ҳазор тонна кам мебошад.

Ҳаҷми умумии маҳсулоти воридшуда 98,8 фоиз ба Ҷумҳурии Қазоқистон ва 1,2 фоиз ба Федератсияи Россия рост меояд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми раиси Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Қурбонзода  ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ба зикри мавсуф, тибқи маълумоти оморӣ, дар ҷумҳурӣ 369,2 ҳазор тонна орд истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 ба миқдори 1,6 ҳазор тонна ва ё 0,4 фоиз зиёд мебошад.

Сафаралӣ Қурбонзода иброз дошт, ки  ба ҳолати 30 июни соли 2021 дар бозорҳои шаҳри Душанбе як халта орди навъи якум аз 220 то 250 сомонӣ ва орди навъи дуюм аз 214 то 230 сомонӣ нархгузорӣ шудааст.

Дар вилояти Суғд нархи орди навъи якум аз 215 то 220 сомонӣ, навъи дуюм аз 185 то 190 сомонӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон орди навъи якум аз 235 то 265 сомонӣ ва дар вилояти Хатлон орди якум аз 225 то 235 ва орди навъи дуюм аз 218 то 220 сомониро ташкил медиҳад.

«Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар доираи ваколатҳои худ фаъолиятро дар самти рушди соҳибкорӣ ва рақобат, инчунин пешбурди сиёсати зиддиинҳисорӣ тақвият бахшида, якҷо  бо дигар мақомоти давлатӣ барои муътадил нигоҳ доштани нарх дар бозори мамлакат ва пешгирии ҳолатҳои беасос баланд кардани он мунтазам тадбирҳои зарурӣ амалӣ менамояд»,- афзуд мавсуф.

Июль 14, 2021 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи RES-2026 ҳамкории иқлимии кишварҳои Осиёи Марказӣ тақвият меёбад
Вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Мински Беларус ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Дар АМИТ «Ховар» доир ба масъалаи муқовимат ба коррупсия вохӯрӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон беш аз ҳазор гармхонаи доимамалкунанда фаъолият менамоянд
Дар ноҳияи Айнӣ майдони кишти картошка зиёд карда мешавад
Дар Тоҷикистон то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад
Се ташкилоти қарзии молиявии Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳо хориҷ карда шуд
Дар Душанбе Маркази минтақавии омӯзиш ва мониторинги пиряхҳо ва криосфераи Осиёи Марказӣ таъсис меёбад
Осонкунии ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути сарҳади гумрукии Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
«СУҒД-2026». Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи байналмилалии савдо баргузор мешавад
Ҳукумати Тоҷикистон барориши вомбаргҳои «сабз»-ро амалӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми дуҷонибаи соҳибкорӣ баргузор гардид