«Сомон Эйр» дар нахустин чорабинии авиатсионии пас аз пандемия муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 02.07.2021/АМИТ «Ховар»/. Директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Томас В. Халлам II дар нахустин чорабинии байналмилалии авиатсионии пас аз пандемия — Aviation- Event 2021: Авиатсия ва туризм ширкат варзида, суханронӣ намуд. Чорабинӣ дар ҷазираи Тенерифе баргузор шуда, зимнан дар он масоили марбут ба тарҳи нави саноати сайёҳӣ муҳокима гардиданд. 200 нафар коршиносон аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ, сайёҳӣ ва ВАО барнома, фикру андеша ва тасмимҳои худро доир ба мавзӯи марказии ҳамоиш пешниҳод карданд.
Тавре ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» хабар медиҳад, дар бахшҳои ҳамоиш иштирокдорон ҳамчунин мавзӯъҳоеро аз қабили «Талаботи авиатсия баъди фаъолшавӣ», «Шаҳодатномаи эмгузаронӣ”, «Идоракунии зиддибӯҳронӣ дар соҳаи сайёҳӣ», «Авиатсия дар Амрико: қадамҳо ба сӯи барқароршавии пурра», «Рақамисозӣ ҳамчун воситаи тарҳи нави тиҷорат», «Имкониятҳо дар роҳ ба сӯи саноати устувортари сайёҳӣ» ва «Дурнамои дарозмуддати макроиқтисодӣ: тарҳҳои тиҷоратии оянда дар соҳаи сайёҳӣ» мавриди баррасӣ қарор доданд.
«Ман аз иштирок дар нахустин чорабинии байналмилалии авиатсионӣ пас аз пандемия хеле сарфарозам. Чорабинии мазкурро бешубҳа ҳамчун нишонаи барқароршавии минбаъдаи соҳаи авиатсия шумурдан мумкин аст. Aviation-Event яке аз рӯйдодҳои муҳими соҳаи авиатсия мебошад, ки дар он сисёсатмадорон, тоҷирон, фаъолони ҷомеа ва маъмуриятҳои кишварҳои чаҳон ширкат меварзанд.», – изҳор дошт директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Томас В. Халлам II.








Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст






