«Сомон Эйр» дар нахустин чорабинии авиатсионии пас аз пандемия муаррифӣ гардид

Июль 2, 2021 15:07

ДУШАНБЕ, 02.07.2021/АМИТ «Ховар»/. Директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Томас В. Халлам II дар нахустин чорабинии байналмилалии авиатсионии пас аз пандемия — Aviation- Event 2021: Авиатсия ва туризм ширкат варзида, суханронӣ намуд. Чорабинӣ дар ҷазираи Тенерифе баргузор шуда, зимнан дар он масоили марбут ба тарҳи нави саноати сайёҳӣ муҳокима гардиданд. 200 нафар коршиносон аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ, сайёҳӣ ва ВАО барнома, фикру андеша ва тасмимҳои худро доир ба мавзӯи марказии ҳамоиш пешниҳод карданд.

Тавре  ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» хабар медиҳад,  дар  бахшҳои ҳамоиш иштирокдорон ҳамчунин мавзӯъҳоеро аз қабили «Талаботи авиатсия баъди фаъолшавӣ», «Шаҳодатномаи эмгузаронӣ”, «Идоракунии зиддибӯҳронӣ дар соҳаи сайёҳӣ», «Авиатсия дар Амрико: қадамҳо ба сӯи барқароршавии пурра», «Рақамисозӣ ҳамчун воситаи тарҳи нави тиҷорат», «Имкониятҳо дар роҳ ба сӯи саноати устувортари сайёҳӣ» ва  «Дурнамои дарозмуддати макроиқтисодӣ: тарҳҳои тиҷоратии оянда дар соҳаи сайёҳӣ» мавриди баррасӣ қарор доданд.

«Ман аз иштирок дар нахустин чорабинии байналмилалии авиатсионӣ пас аз пандемия хеле сарфарозам. Чорабинии мазкурро бешубҳа ҳамчун нишонаи барқароршавии минбаъдаи соҳаи авиатсия шумурдан мумкин аст.  Aviation-Event  яке аз рӯйдодҳои муҳими соҳаи авиатсия мебошад, ки дар он сисёсатмадорон, тоҷирон, фаъолони ҷомеа ва маъмуриятҳои кишварҳои чаҳон ширкат меварзанд.», – изҳор дошт директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Томас В. Халлам II.

Июль 2, 2021 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст