Сулаймон Султонзода: 500 тафтишу санҷиш 235,8 млн сомонӣ зарари молиявиро ошкор намуд

Июль 28, 2021 11:33

ДУШАНБЕ, 28.07.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаш моҳи соли равон мутахассисони самти назорати давлатии молиявии Агентӣ дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 500 тафтишу санҷиши молиявӣ гузаронида, ба маблағи умумии 235,8 млн сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намуданд, ки тавассути тадбирҳои андешидашуда аз ин маблағ 178,4 млн сомонӣ ё 75,7 фоиз барқарор карда шуд. Аз маблағи рӯёнидашуда 49,5 млн сомонӣ ба буҷети давлатӣ ва 128,9 млн сомонӣ ба корхонаву муассисаҳо рост меояд. Дар ин бора директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори адлия  Сулаймон Султонзода 28 июл зимни нишасти матбуотӣ ибрози назар намуд, иттилоъ медиҳад хабанигори АМИТ «Ховар».

Мавсуф иброз дошт, ки аз маблағҳои ошкоргардида  хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ- 9,6 млн сомонӣ. камомад ва тасарруф- 11,5 млн сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ- 75,4 млн сомонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ- 1,0 млн сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ- 114 млн сомонӣ, маблағи кам ҳисобидашуда ва рӯйпӯшгардидаи андозу пардохтҳои ҳатмӣ- 24,1 млн сомониро ташкил менамояд.

Сулаймон Султонзода афзуд, ки воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи агентӣ 1211 ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии дорои хусусияти коррупсионӣ ва ҷиноятҳои ба андоз алоқамандро нисбат ба 788 нафар ошкор намуданд, ки 470 адади он ба гурӯҳи ҷинояти вазнин шомиланд. Аз шумораи умумии ҷиноятҳои ошкоршуда 171 ҷинояти азонихудкунӣ ва исрофкорӣ, 122 ҳолат марбут ба тасарруфи пулу моли ба тариқи қарз додашуда ва ғайриқонунӣ додану гирифтани қарз мебошанд.

Агентӣ баҳри иҷрои талаботи моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба корупсия», ки хизмати якҷоя ва таъйини хешовандони наздик ба мансабҳои давлатӣ ё мансабҳои ба онҳо баробаршударо манъ намудааст, тадбирҳои зарурӣ андешида, дар давраи ҳисоботӣ 96 ҳолати вайрон кардани талаботи қонуни мазкурро ошкор ва ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳо тадбирҳои судманд андешид.

Июль 28, 2021 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

КОДЕКСИ ЭКОЛОГӢ. Ин санад бо мақсади истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист қабул гардид
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии лимӯ идома дорад
Ҳиссаи Хатлон дар ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон беш аз 53 фоизро ташкил медиҳад
«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид
Дар Ереван маблағгузории гуногунии биологӣ ва татбиқи механизмҳои сафарбаркунии захираҳои дохилӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуд
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ІР Тоҷикистон –2026» оид ба моликияти зеҳнӣ ва технологияҳо доир шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Пагоҳ дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ТР Тоҷикистон – 2026» оғоз гардид
Дар нуҳ моҳ иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ беш аз 124 фоиз таъмин гардид