Сулаймон Зиёзода: Кишти такрории зироати кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,7 фоиз зиёд аст
ДУШАНБЕ, 12.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Барои самаранок ва оқилона истифода намудани заминҳои корами обӣ ва гирифтани 2-3 ҳосил хоҷагиҳои деҳқонӣ то оғози моҳи июли имсол дар майдони 62 ҳазору 495 гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузарониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1937 гектар ё 2,7 фоиз зиёд мебошад. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода иброз намуд.
Мавсуф гуфт, ки имсол нисбат ба соли 2020 дар ҷумҳурӣ кишти зироати ғалладонагӣ, картошка ва сабзавот зиёд аст. Барои гирифтани ҳосили фаровон ва дастрасӣ ба тухмиҳои хушсифат, ки ба тағйирёбии иқлим мувофиқанд, Вазорати кишоварзии мамлакат бо маблағҳои грантии ҷалбшудаи Бонки Рушди Осиё оид ба «Барномаи вокуниши фаъол ба пандемияи коронавирус (COVID – 19) ва дастгирии қисми хароҷоти буҷет» мувофиқи дархости хоҷагиҳо дар асоси шартномаи тарафайн барои кишти тирамоҳии соли 2020 аз Федератсияи Россия ба миқдори 737 тонна гандуми тухмии гурӯҳи элита, аз ҷумла навъҳои «Московская-56»- 469 тонна, «Московская-39»- 201 тонна ва «Мироновская-808»- 67 тонна ворид намуд, ки кишоварзон аз он ҳосили фаровон ба даст оварданд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки бо тавсияи мутахассисони соҳа аз ҷониби ташкилоти байналмилалӣ ба ҷумҳурӣ 38,3 тонна гандуми тухмии навъи «Московская-39»- гурўҳи элита ва 412,5 тонна картошкаи тухмии гурӯҳи элита ва репродуксияи якуми навъҳои «Элмундо», «Левентбей», «Муратбей», «Ном», «Нигшаҳ», «Онаренг», «Саруҳон», «Бигроза» ва «Ред-Скарлет», «Пикассо» ва ба миқдори 66 тонна чигити тухмии навъҳои «Султон» ва «Бухоро-102» барои такрористеҳсолкунӣ аз хориҷи кишвар ворид карда шудаанд.
Сулаймон Зиёзода зикр дошт, ки «Вазорати кишоварзии мамлакат кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки сокинонро бо маҳсулоти кишоварзӣ пурра таъмин намояд. Дар баробари ба бозори истеҳсолӣ баровардани маҳсулоти табиии кишоварзӣ ба содироти он низ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Тибқи маълумоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 6 моҳи соли 2021 аз ҷумҳурӣ ба дигар давлатҳо 110,2 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,8 ҳазор тонна зиёд мебошад».
Дар ҷараёни нишаст зикр гардид, ки айни замон лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ниҳолпарварӣ», лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи хок» барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардидаанд.








Ҳамкории Тоҷикистон бо Муғулистон дар самти идоракунии захираҳои обӣ баррасӣ шуд
Ассотсиатсияи миллии сайёҳии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Кӯлоб оид ба истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд
Дар Қазоқистон ҷаласаи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Муовини Сарвазир бо фаъолияти хоҷагиҳои ҷамоавии минтақаи Рашт шинос шуд
Кирмакпарварони шаҳри Ҳисор нақшаи истеҳсоли пилларо сад фоиз иҷро намуданд
Татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки иҷтимоию иқтисодӣ бо Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ баррасӣ гардид
Дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Кӯлоб ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Душанбе конфронси соҳавии бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии СҲШ баргузор шуд
Рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва CIPE баррасӣ шуд
Дар Душанбе ҷаласа оид ба таҳкими низоми огоҳсозии бармаҳал дар Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои СММ доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти мансабдорони аршади CAREC-2026 дар Улан-Батор иштирок менамояд






