ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 июл, душанбе, 186-умин рӯзи соли 2021 аст
5 июли соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон — шаҳри Остона дар ҷаласаи навбатии Шўрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар сатҳи сарони давлатҳо иштирок намуданд.
***
7 сол қабл, 5 июли соли 2013 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Бохтар корхонаи нави пахтатозакуниро, ки бо технологияи нави каммасраф ва хушсифат муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ба истифода доданд. Корхона дар як сол то 20-25 ҳазор тонна пахтаро коркард намуда, нахи онро бо сифати баланд ҷудо мекунад.
***
Дар ин рӯзи соли соли 2013 дар бӯстонсарои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 279 нафар мактаббачагону донишҷӯёне, ки аз падар ва модар ятим мондаанд, вохӯрии самимӣ анҷом доданд.
5 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Венесуэла – Рӯзи Истиқлолият.
***
Дар Аргентина – Рӯзи кӯдакон.
***
Дар Арманистон – Рӯзи Конститутсия.
***
Дар Украина – Рӯзи флоти ҳарбӣ-баҳрӣ.
РӮЙДОДҲО:
5 июли соли 2000 дар шаҳри Душанбе вохӯрии сарони давлатҳои СҲШ (Панҷгонаи Шанхай: Тоҷикистон, Россия, Чин, Қазоқистон ва Қирғизистон) баргузор гардид.
***
5 июли соли 2001 дар ҷараёни сафари давлатии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Украина 10 созишномаи ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун ба имзо расид.
***
Дар ин рӯзи соли 2004 дар шаҳри Душанбе Аввалин бонки молиявии хурд ба истифода дода шуд.
***
5 июли соли 1865 дар Лондон Созмони хайрияи «Артиши наҷот» ташкил карда шуд.
***
102 сол муқаддам, 5 июли соли 1918 Ҳизби коммунистии Украина таъсис дода шуд.
***
5 июли соли 1924 дар Париж маросими ботантанаи ифтитоҳи Бозиҳои ҳафтуми тобистонаи олимпӣ баргузор гардид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1954 аввалин маротиба пахши барномаҳои хабарии телевизиони Би-Би-Сӣ ба роҳ монда шуд.
***
Соли 1994 дар Чин истифодаи меҳнати кӯдакон манъ карда шуд.
***
Соли 1841 Томас Кук аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон агентии сайёҳӣ кушод.