Террористон метавонанд зери ниқоби гуреза ба Тоҷикистон ворид шаванд
ДУШАНБЕ, 27.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон омода аст гурезаҳои афғонро дар робита ба шиддат гирифтани вазъи низомӣ-сиёсии кишвари ҳамсоя дар пасманзари хуруҷи неруҳои амрикоӣ қабул кунад, вале мақомот ҳанӯз шумораи дақиқи онҳоро ном бурда наметавонанд. Дар ин бора имрӯз Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт.
«Мо бояд барои гурезагон шароити муайян фароҳам орем, то коронавирус паҳн нашавад, аз ин рӯ, мо ҳанӯз омода нестем, ки шумораи дақиқи гурезаҳоеро, ки метавонем қабул намоем, номбар кунем», — гуфт ӯ.
Илова бар ин, ба гуфтаи вазир, аъзои созмонҳои террористӣ метавонанд зери ниқоби паноҳандагон вориди Тоҷикистон шаванд. Ба гуфтаи ӯ, дар кишвар метавонанд намояндагони гурӯҳҳои дар Тоҷикистон мамнӯъ, ба мисли «Ал-Қоида», «Ансоруллоҳ» ва «Ҳаракати Исломии Туркистони Шарқӣ» пайдо шаванд.
Бояд тазаккур дод, ки 23 июл муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Иброҳимзода низ дар бораи омодагии Тоҷикистон ба қабули шаҳрвандони Афғонистон гуфта буд. Ба гуфтаи ӯ, ҷумҳурӣ омода аст дар қаламрави худ тақрибан 100 ҳазор гурезаро ҷойгир кунад. Онҳоро метавонанд дар машқгоҳҳои таълимии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, воқеъ дар наздикии марз бо Афғонистон ҷойгир кунанд.
Иброҳимзода таъкид кард, ки мақомот «иқтидори кишварро барои қабули шаҳрвандони Афғонистон бо созмонҳои байналмилалӣ меомӯзанд». Дар ҷумҳурӣ барои гурезаҳо лагерҳои махсус омода мекунанд.
«Тоҷикистон метавонад гурезаҳоро аз Афғонистон қабул кунад, — гуфт директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ дирӯз, 26 июл. — Аммо, имконоти ҷумҳурӣ дар ин самт номаҳдуд нестанд».
Ба ақидаи ӯ, агар сенарияи Сурия такрор шавад, гурезаҳои афғон на танҳо ба Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, балки ба Чин, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, Русия ва ИМА низ мераванд.
Ёдовар мешавем, ки дар Афғонистон муқовимати неруҳои ҳукуматӣ ва аъзои ҳаракати ифротии дар Тоҷикистон мамнӯи «Толибон» идома дорад. Сарбозон ва шаҳрвандон борҳо аз дасти ҷангиён ба қаламрави Тоҷикистон фирор кардаанд. Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, моҳи июл ҷумҳурӣ беш аз ҳазор нафар шаҳрвандони афғонро қабул намуд, ки бинобар муноқишаи мусаллаҳонаи неруҳои ҳукуматӣ ва аъзои ҳаракати ифротии «Толибон» аз Афғонистон фирор карда буданд. Ба гурезагон манзили муваққатӣ, ёрии тиббӣ, се маротиба хӯроки гарм, рахти хоб ва ашёи рӯзгор дода шуд.
Э. Иброҳимзода гуфт, ки афғонҳо бо ёздаҳ парвози чартерӣ ба Кобул ва Мазори Шариф баргаштанд.
АКС аз АМИТ «Ховар»








Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ баррасӣ шуд
Дар Душанбе оид ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА мубодилаи афкор доир шуд
Донишҷӯёни Донишкадаи Diplomun Institute бо фаъолияти Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Женева шинос шуданд
Сафири Тоҷикистон ба вазири корҳои хориҷии Алҷазоир нусхаи эътимоднома супорид
Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Имконоти сармоягузорӣ, тиҷорат ва соҳибкории Тоҷикистон дар расонаҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардиданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири фарҳанг, варзиш ва ҷавонони Умон вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Миср дар соҳаи технологияи рақамӣ баррасӣ гардид






