ТИКА ба Радиои «ҒМ–Ховар» таҷҳизоти муосир тақдим мекунад

Июль 31, 2021 13:28

ДУШАНБЕ, 31.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Директори  Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидалӣ Сиддиқ  ва  Ҳамоҳангсози барномаҳои Агентии оид ба ҳамкорӣ ва рушди  назди Сарвазири Ҷумҳурии Туркия (ТИКА) дар Душанбе Иброҳим Эрбир ҷиҳати таъмир ва азнавсозии студияи Радиои «ҒМ–Ховар» ва зерсохтори технологии он 28 июли соли равон  қарордод ба имзо расониданд.

Тиқи санад, Радиои «ҒМ–Ховар» дорои студияи муосири пахши барномаҳои радиоӣ хоҳад гашт.

Ёдовар мешавем, ки ТИКА соли 1992 бо мақсади расонидани кумаки техникӣ ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва рушди равобит бо онҳо дар соҳаи иқтисод, саноат, кишоварзӣ, савдо, амният, фарҳанг, маориф, тандурустӣ ва шуғли аҳолӣ таъсис ёфтааст.

Бояд тазаккур дод, ки аз замони соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, ТИКА дар ин соҳаҳо дар  ҷумҳурии мо беш аз 250 лоиҳаро ба маблағи даҳҳо миллион доллари ИМА татбиқ кардааст.

 

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Июль 31, 2021 13:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид