То ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Истаравшан аксияи «Шомгоҳи тозагӣ» доир мегардад

Июль 7, 2021 13:37

ДУШАНБЕ, 07.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. То ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамарӯза дар шаҳри Истаравшан аксияи «Шомгоҳи тозагӣ» доир карда шавад. 

Иқдоми мазкур аз ҷониби Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода пешниҳод шуда, мақсад аз он тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи зебоипарасатӣ мебошад.

Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси  вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,   дар доираи тадбири мазкур бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли фаъолият, ҷамоатҳои деҳот, деҳаҳо, кумитаи маҳаллаҳо, гузарҳо, масҷидҳо бо назардошти таъмини лавозимоти зарурӣ, ҳар бегоҳ  аз соати 18:00 то 20:00 бо риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдошт ҳашарҳои дастаҷамъонаи тозагии муҳити зистро баргузор намоянд.

Аз ҷумла,  дар муроҷиатномаи Адҳам Маъмурзода омадааст, ки ҳамчун раиси шаҳр ва фарзанди ҳамин диёр ба Шумо муроҷиат намуда, даъват менамоям, ки ба муносибати таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ аз остонаи хонаводаи хеш, кӯча, маҳалла, гузар, деҳа ва дар маҷмӯъ шаҳри азизамон – Истаравшани бостониро дастаҷамъона обод созем, тозагии мавзеъҳо, ҷуйборҳо, чашмаҳо, кӯчаву хиёбонҳо ва қабристонҳоро таъмин намоем.

«Бо назардошти он, ки аксари сокинони шаҳр соҳибкору тоҷир ҳастанд ва ҳамарӯза аз саҳар машғули корҳои худ мебошанд, пешниҳод менамоям, ки дар ҳудуди шаҳри Истаравшан то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамарӯза аксияи «Шомгоҳи тозагӣ» эълон карда шавад. Бовар дорам, ки мардуми сарбаланди шаҳри Истаравашан иқдоми мазкурро ҷонибдорӣ карда, барои тозагии шаҳри худ ва муҳимтар аз ҳама, барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории пандемияи СOVID-19 саҳмгузор мегарданд»,- омадааст дар муроҷиатнома.

Акс аз бойгонӣ

Июль 7, 2021 13:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд