Тоҷикистон бо 111 давлат табодули мол намуда, 95 номгӯй молу маҳсулот ворид намудааст
ДУШАНБЕ, 31.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон имсол бо 111 кишвари ҷаҳон мубодилаи мол анҷом додааст. Дар ин давра аз Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ ба маблағи 161,6 миллион доллар маъданҳо ва консентратҳо, 74,3 миллион доллар нахи пахта, 72,6 миллион доллар алюминий, 27,0 миллион доллар семент, 24,8 миллион доллар ресмони пахтагӣ ва 12,2 миллион доллар маҳсулоти меваю сабзавот содирот гардидааст.
Дар ин бора Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода 30 июл дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дод.
Хуршед Каримзода изҳор дошт, ки аз ҳаҷми умумии содирот 23,0 фоиз ё 240,1 миллион доллар ба кишварҳои хориҷи наздик ва 77,0 фоиз ё 808,4 миллион доллар ба кишварҳои хориҷи дур рост меояд. Ҳаҷми асосии содироти мол бо давлатҳои Швейтсария- 50,9 фоиз, Қазоқистон- 15,4 фоиз, Туркия- 11,1 фоиз, Чин- 4,5 фоиз, Узбекистон- 4,3 фоиз, Белгия- 3,5 фоиз ва Афғонистон- 3,2 фоизро ташкил медиҳад.
Дар шашмоҳаи якуми соли 2021 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта содироти мол ба Италия ба маблағи 1,5 миллион доллар, Қирғизистон- 0,6 миллион доллар, Латвия- 2,6 миллион доллар ва Ветнам- 1,4 миллион доллар коҳиш ёфта, ин нишондиҳанда бо кишварҳои Қазоқистон ба андозаи 76,2 миллион доллар, Чин- 30,3 миллион доллар, Белгия- 23,3 миллион доллар, Туркия- 12,3 миллион доллар, Узбекистон- 16,7 миллион доллар, Русия- 11,0 миллион доллар, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ- 5,4 миллион доллар ва
Покистон- 2,0 миллион доллар афзоиш ёфтааст.
Дар ин давра ба Тоҷикистон аз хориҷи кишвар 95 номгӯй молу маҳсулот, аз қабили маҳсулоти нафтӣ ба маблағи 145,7 миллион доллар, гандум- 108,2 миллион доллар, гази моеъ- 103,8 миллион доллар, воситаҳои нақлиёти сабукрав- 66,7 миллион доллар, оксиди алюминий (глинозем)- 35,7 миллион доллар, равғани растанӣ- 52,9 миллион доллар, чӯбу тахта- 33,2 миллион доллар, шакар- 41,4 миллион доллар, нуриҳои минералӣ- 29,0 миллион доллар ва меваю сабзавот- 23,9 миллион доллар ворид карда шудаанд.
Аз ҳаҷми умумии воридот 60,0 фоиз ё 1 122,4 миллион доллар ба кишварҳои хориҷи наздик ва 40,0 фоиз ё 747,8 миллион доллар ба кишварҳои хориҷи дур марбут аст. Воридоти асосии мол аз рӯи нишондиҳандаҳои фоизӣ ба давлатҳои Русия- 26,5 фоиз, Қазоқистон- 21,3 фоиз, Чин- 17,2 фоиз, Узбекистон- 9,2 фоиз, Туркия- 3,7 фоиз, Олмон- 3,1фоиз, Ҳиндустон- 3,5 фоиз, Ҷопон- 2,2 фоиз, Ҷумҳурии Коре-я 1,2 фоиз , Амрико- 1,2 фоиз , Эрон- 1,4 фоиз ва Беларус- 1,0 фоиз рост меояд.
Имсол нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта воридоти мол аз кишварҳои Беларус ба андозаи 1,3 миллион доллар, Қирғизистон- 3,9 миллион доллар, Украина- 1,2 миллион доллар, Қатар- 1,0 миллион доллар ва Амрико- 11,8 миллион доллар коҳиш ѐфта, ин нишондиҳанда аз кишварҳои Узбекистон ба андозаи 59,4 миллион доллар, Ҳиндустон- 52,3 миллион доллар, Олмон- 23,6 миллион доллар, Қазоқистон- 22,3 миллион доллар, Русия- 19,0 миллион доллар, Швейтсария- 11,8 миллион доллар, Эрон- 8,3 миллион доллар, Италия- 4,4 миллион доллар, Австрия- 4,1 миллион доллар, Белгия- 5,9 миллион доллар, Чин- 105,7 миллион доллар, Ҷопон- 21,4 миллион доллар, Покистон- 4,3 миллион доллар, Шветсия- 4,2 миллион доллар ва Туркия- 15,0 миллион доллар афзоиш ёфтааст.
Дар натиҷаи аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардидани тадбирҳо ҷиҳати саноатикунонии соҳаҳои истеҳсолӣ ва дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ, истеҳсоли як қатор молҳо дар дохили ҷумҳурӣ рушд карда, воридоти ин навъи молҳо аз хориҷи кишвар давра ба давра коҳиш ёфта истодааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид






