Тоҷикистон бо 111 давлат табодули мол намуда, 95 номгӯй молу маҳсулот ворид намудааст

Июль 31, 2021 09:22

ДУШАНБЕ, 31.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон имсол бо 111 кишвари ҷаҳон  мубодилаи мол анҷом додааст. Дар ин давра аз Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ ба маблағи  161,6 миллион  доллар маъданҳо ва консентратҳо, 74,3 миллион доллар нахи пахта, 72,6 миллион  доллар  алюминий, 27,0 миллион  доллар семент,  24,8 миллион доллар ресмони пахтагӣ ва 12,2 миллион доллар маҳсулоти меваю сабзавот содирот гардидааст.

Дар ин бора Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Хуршед Каримзода 30 июл дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дод.

Хуршед Каримзода изҳор дошт, ки аз ҳаҷми умумии содирот 23,0 фоиз  ё 240,1 миллион доллар ба кишварҳои хориҷи наздик ва 77,0 фоиз ё 808,4 миллион доллар ба кишварҳои хориҷи дур рост меояд. Ҳаҷми асосии содироти мол бо давлатҳои Швейтсария- 50,9 фоиз, Қазоқистон- 15,4 фоиз, Туркия- 11,1 фоиз, Чин- 4,5 фоиз, Узбекистон- 4,3 фоиз,   Белгия- 3,5 фоиз ва Афғонистон- 3,2 фоизро ташкил медиҳад.

Дар шашмоҳаи якуми соли 2021 нисбат ба ҳамин давраи соли  гузашта  содироти мол ба Италия ба маблағи 1,5 миллион доллар, Қирғизистон- 0,6 миллион доллар, Латвия- 2,6 миллион доллар ва Ветнам- 1,4 миллион доллар коҳиш ёфта, ин нишондиҳанда бо кишварҳои Қазоқистон ба андозаи 76,2 миллион доллар, Чин- 30,3 миллион доллар, Белгия- 23,3 миллион доллар, Туркия- 12,3 миллион доллар, Узбекистон- 16,7 миллион  доллар, Русия-  11,0 миллион доллар, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ- 5,4 миллион  доллар ва
Покистон- 2,0 миллион  доллар афзоиш ёфтааст.

Дар ин давра ба  Тоҷикистон аз хориҷи кишвар 95 номгӯй молу маҳсулот, аз қабили маҳсулоти нафтӣ  ба маблағи 145,7 миллион  доллар, гандум- 108,2 миллион доллар, гази моеъ- 103,8 миллион доллар, воситаҳои нақлиёти сабукрав- 66,7 миллион доллар, оксиди алюминий (глинозем)- 35,7 миллион доллар, равғани растанӣ-  52,9 миллион  доллар, чӯбу тахта- 33,2 миллион  доллар, шакар- 41,4 миллион   доллар, нуриҳои минералӣ- 29,0 миллион   доллар ва меваю сабзавот- 23,9 миллион  доллар ворид карда шудаанд.

Аз ҳаҷми умумии воридот 60,0 фоиз ё 1 122,4 миллион доллар ба кишварҳои хориҷи наздик ва 40,0 фоиз ё 747,8 миллион доллар ба кишварҳои хориҷи дур марбут аст. Воридоти асосии мол аз рӯи нишондиҳандаҳои фоизӣ ба давлатҳои Русия- 26,5 фоиз, Қазоқистон- 21,3 фоиз, Чин- 17,2 фоиз, Узбекистон- 9,2 фоиз, Туркия- 3,7 фоиз, Олмон- 3,1фоиз, Ҳиндустон- 3,5 фоиз, Ҷопон- 2,2 фоиз, Ҷумҳурии Коре-я 1,2 фоиз , Амрико- 1,2 фоиз , Эрон- 1,4 фоиз ва Беларус- 1,0 фоиз рост меояд.

Имсол нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта воридоти мол аз кишварҳои Беларус ба андозаи 1,3 миллион  доллар, Қирғизистон- 3,9 миллион  доллар, Украина- 1,2 миллион  доллар, Қатар- 1,0 миллион   доллар ва Амрико- 11,8 миллион   доллар коҳиш ѐфта, ин нишондиҳанда аз кишварҳои Узбекистон ба андозаи 59,4 миллион доллар, Ҳиндустон- 52,3 миллион доллар, Олмон- 23,6  миллион доллар, Қазоқистон- 22,3 миллион  доллар, Русия- 19,0 миллион доллар, Швейтсария- 11,8 миллион  доллар, Эрон- 8,3 миллион   доллар, Италия- 4,4 миллион доллар, Австрия- 4,1 миллион доллар, Белгия- 5,9 миллион  доллар, Чин- 105,7 миллион  доллар, Ҷопон-  21,4 миллион  доллар, Покистон- 4,3 миллион   доллар, Шветсия- 4,2 миллион  доллар ва Туркия- 15,0 миллион  доллар афзоиш ёфтааст.

Дар натиҷаи аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардидани тадбирҳо ҷиҳати саноатикунонии соҳаҳои истеҳсолӣ ва дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ, истеҳсоли як қатор молҳо дар дохили ҷумҳурӣ рушд карда, воридоти ин навъи молҳо аз хориҷи кишвар давра ба давра коҳиш ёфта истодааст.

 

 АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 31, 2021 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкорони Чин бо фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос гардиданд
Кишоварзони шаҳри Панҷакент ба кишти барвақтии картошка оғоз намуданд
Дар шаҳри Левакант пойгоҳҳои обкашӣ ба мавсими кишту кор омода мебошанд
Хатти интиқоли барқи 500 кВ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба истифода дода мешавад
Дар Душанбе дар мавзуи «Баробарӣ ва тавонмандсозии гендерӣ: дурнамои рушди муосир» ҳамоиш баргузор гардид
Тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи энергетика ва захираҳои об баррасӣ шуд
Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз дар Душанбе Форуми байналмилалии заргарӣ ва Намоишгоҳи Тоҷикистон баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардиданд
Дар вилояти Хатлон кишти пунбадона оғоз гардид
15 март — Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон. Дар бозорҳои истеъмолӣ 35 тонна маҳсулоти бесифат нобуд карда шуд
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳо вобаста ба маблағгузории «сабз» баррасӣ гардид
Дар масири Душанбе-Бишкек нахустин парвози мустақим анҷом дода шуд