Туҳфаи гаронарзиши Пешвои миллат — китоби «Тоҷикон» ба сокинони шаҳри Левакант тақдим гардид

Июль 20, 2021 08:48

ДУШАНБЕ, 20.07.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи гаронарзиш- 7380 нусха китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров   ба сокинони шаҳри Левакант тақдим гардид.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ба АМИТ «Ховар»  иттилоъ доданд, раиси шаҳр Зарина Давлатзода зимни тақсими туҳфаи Пешвои муаззами миллат — китоби «Тоҷикон» дар Қасри фарҳанг ба масъулин шахсан ба ҳар оила дастрас намудани онро таъкид намуд.

Туҳфаи Пешвои миллат-  китоби «Тоҷикон»  бо иштироки шахсони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи шаҳр ба  ҷамоатҳои    деҳоти ноҳия ирсол мегардад.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров – китоби «Тоҷикон» чоп гардида, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз номи Сарвари давлат ба ҳар оилаи мамлакат тақдим карда мешавад.

 

АКС аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант

Июль 20, 2021 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд