Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов дар синни 80-солагӣ аз олам даргузашт

Июль 1, 2021 14:01

ДУШАНБЕ, 01.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дорандаи ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ,  коргардони театр ва синамо, ҳаҷвнигори саршиноси тоҷик, устоди ҳунар, шахсияти бисёр маҳбубу маъруфи Тоҷикистон  Убайдулло Раҷабов дар манзили зисташ дар  шаҳри Душанбе дар синни 80 — солагӣ аз олам даргузашт.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директории  Театри намунавии миниатюрии «Оина» Абӯалӣ Муродов иттилоъ дод,  ҷанозаи Убайдулло Раҷабов соати 17:00  доир гардида, дар оромгоҳи Лучоб ба хок супорида мешавад.

Убайдулло Раҷабов 20 марти 1941 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Фаъолияти кории худро дар Театри вилоятии драмаи мусиқии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб оғоз кардааст (1968-70). Солҳои 1970-89 ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ, 1990—2000 роҳбари бадеии театри намунавии миниатюрии «Оина», 2000—2004 Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аз соли 2004 директори кулли Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии «Пойтахт-80» ва роҳбари бадеии театри намунавии миниатюрии «Оина»-ро ба уҳда дошт.

Убайдулло Раҷабов хушбахтарин ҳунарманде буд, ки мардум ӯро дар рӯи саҳна меёбанду мепазиранд ва риштаи ихлосро ба домони ҳунари ӯ мепайвандад. Ба гуфти ҳамкоронаш, ӯ фидоии касби хеш буд ва тамоми ҳастиашро ба рушди  театр ва рӯҳбаландии  тамошобин бахшидааст.

Убайдулло Раҷабов ҳунарро не, балки ҳунар ӯро пайдо кард, ӯ тамошобинро не, тамошобин эшонро ёфт, мавсуф театрро не, баръакс, театр ӯро кашф кард.  Нақшҳои офаридаи мавсуф такрор нашуданист, яъне Убайдулло Раҷаб ҳунарманди нотакрор аст.

АМИТ «Ховар» аз марги  устоди ҳунар, шахсияти маҳбубу маъруфи Тоҷикистон  Убайдулло Раҷаб сахт андӯҳгин буда, ба аҳли оила ва пайвандони марҳум таъзия  баён менамояд.

Июль 1, 2021 14:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». 16 октябр Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик
Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад