Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Муовини Дабири кулли СММ, Роҳбари Департаменти зиддитеррористӣ мулоқот кард

Июль 6, 2021 13:57

ДУШАНБЕ, 06.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 5 июл дар Ню-Йорк мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Муовини Дабири кулли СММ, Роҳбари Департаменти зиддитеррористӣ Владимир Воронков баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар вохӯрӣ ҷонибҳо дар баробари масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ, аз қабили мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, вазъи минтақа, алалхусус рӯйдодҳои охир дар Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин тарафҳо ҷиҳати идомаи ҳамкориҳо барои таҳкими “Раванди Душанбе оид ба муқовимат бо терроризм ва сарчашмаҳои маблағгузории он” изҳори омодагӣ карданд.

 

АКС аз ВКХ ҶТ

Июль 6, 2021 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид