Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Президенти Ӯзбекистон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 17.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 16 июл Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддинро, ки дар Тошканд барои иштирок дар Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: иртиботи мутақобилаи минтақавӣ. Чолишҳо ва имкониятҳо» қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар рафти вохӯрӣ С.Муҳриддин ба Президенти Ӯзбекистон саломи бародарона ва орзуи саломатии бардавомро аз номи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расонид.
Вазири корҳои хориҷӣ қайд кард, ки дар Тоҷикистон сатҳи баланди муносибатҳо бо Ӯзбекистонро сидқан қадрдонӣ мекунанд ва таъкид намуд, ки бо иродаи қавии сиёсии роҳбарони ду кишвар ҳамкориҳо пайваста рушд ёфта, самтҳои навро фаро мегиранд.
Ҷонибҳо рафти татбиқи созишҳои бадастомада аз натиҷаи сафари расмии Президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 11-12 июни 2021-ро, ки ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии роҳбурдии ду кишвар таҳрик бахшид, мавриди баррасӣ қарор доданд.
АКС аз ВКХ ҶТ








COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд






