Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Конфронси сатҳи баланд оид ба Ҳадафи 6-уми рушди устувори Бонн иштирок намуд

Июль 3, 2021 08:58

ДУШАНБЕ, 03.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 1 июл Вазири корҳои хориҷии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Конфронси сатҳи баланд оид ба Ҳадафи 6-уми рушди устувор (ҲРУ 6), ки дар доираи ташаббуси Ҷумҳурии Федеративии Олмон  таҳти унвони “Муколамаҳои муассир дар масоили об” доир гардид, иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вазири корҳои хориҷӣ дар суханронии худ роҷеъ ба мушкилоти умдаи аҳолии сайёра дар замони ҳамагирии Ковид-19 ва нақши обу беҳдошт дар он, суръат бахшидан ба раванди татбиқи ҲРУ 6, инчунин аҳамияти баргузории Конфронси СММ оид ба об дар соли 2023 таъкид кард.

С. Муҳриддин инчунин дар бораи қатъномаҳои СММ, ки ҷониби Тоҷикистон пешбарӣ кардааст ва нақши боризи онҳо дар раванди татбиқи ҳадафҳои марбут ба оби Рӯзномаи-2030 тавассути платформаи “Раванди оби  Душанбе” изҳори назар кард.

Нишасти мазкур бо ибтикори Вазорати федералии муҳити зист, ҳифзи табиат ва амнияти ҳастаӣ доир шуда, дар он намояндагони кишварҳои узви СММ ва созмонҳои байналмилалӣ атрофи иқдомҳои муштарак, таҷрибаи пешқадам дар самти татбиқи ҲРУ 6 ва раванди омодагӣ ба Конфронси СММ оид ба об дар соли 2023 мубодилаи афкор намуданд.

 

АКС аз ВКХ ҶТ

Июль 3, 2021 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишкадаи Diplomun Institute бо фаъолияти Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Женева шинос шуданд
Сафири Тоҷикистон ба вазири корҳои хориҷии Алҷазоир нусхаи эътимоднома супорид
Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Имконоти сармоягузорӣ, тиҷорат ва соҳибкории Тоҷикистон дар расонаҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардиданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири фарҳанг, варзиш ва ҷавонони Умон вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Миср дар соҳаи технологияи рақамӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Кувайт мулоқот кард
Президенти Узбекистон Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби С5+1 иштирок кард
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо муовини Сарвазир – вазири корҳои хориҷии Покистон Исҳоқ Дор мулоқот намуд