Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон сафирони Чин ва Покистонро ба ҳузур пазируфт

Июль 26, 2021 08:37

 ДУШАНБЕ, 26.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 24 июл Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Лю Бинро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ ва баргузории чорабиниҳо дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамчунин 24 июл Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон Имрон Ҳайдарро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои робитаҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.

 

АКСҲО аз ВКХ ҶТ

Июль 26, 2021 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард