Воридоти сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 99 миллион доллар афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 28.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имсол ба Тоҷикистон 276,3 миллион доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки аз он 125,2 миллион долларро сармояи мустақим, 0,1 миллион долларро сармояи ҷомадонӣ ва 151,0 миллион долларро дигар намуди сармояҳо ташкил медиҳанд. Ҳамзамон дар ин давра нисбат ба шашмоҳаи соли гузашта воридоти сармояи хориҷӣ ба маблағи 99 миллион доллар, аз ҷумла, сармояи мустақим 45,4 миллион доллар ва дигар намуди сармояҳо 53,9 миллион доллар зиёд ворид гардидааст.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода имрӯз дар нишасти матбуотӣ зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи аввали соли равон ба хабарнигорон гуфт, ки дар ин давра сармояи хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан аз Чин- 104,0 миллион доллар, Люксембург- 66,8 миллион доллар, Туркия- 13,5 миллион доллар, Швейтсария- 13,1 миллион доллар, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ- 10,6 миллион доллар, Филиппин- 8,6 миллион доллар, Британияи Кабир- 6,9 миллион доллар, Кипр- 4,6 миллион доллар, Амрико- 4,5 миллион доллар, Кувайт- 4,1 миллион доллар, Олмон- 1,7 миллион доллар, Фаронса-1,2 миллион доллар, Русия- 1,1 миллион доллар ва Қазоқистон- 0,2 миллион доллар ворид гардидааст.
Саъдӣ Қодирзода афзуд, ки сармояи мустақим дар ин давра ба ҷумҳурӣ асосан аз Чин- 89,1 миллион доллар, Туркия- 13,5 миллион доллар, Швейтсария- 13,1 миллион доллар, Кипр- 4,6 миллион доллар, Фаронса- 1,2 миллон доллар, Русия- 0,4 миллион доллар, Британияи Кабир- 0,1 миллион доллар ва дигар давлатҳо ворид гардидааст. Сармояҳои мустақим маҷмуан ба соҳаҳои истихроҷи маъдан, саноати коркард, хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳо равона карда шудаанд.
Гуфта шуд, ки айни замон Кумита дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватанӣ ва сармоягузорони хориҷӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои сохтмони корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ, комплекси агросаноатӣ, гармхонаи инноватсионӣ ва ташкили марказҳои тақсимотии яклухт, корхонаи истеҳсоли семент, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва корхонаи металлургии коркарди ниҳоии хокаи маъдан корбарӣ намуда истодааст, ки дар мавриди татбиқи пурраи онҳо ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ беш аз 5 миллиард сомонӣ сармояи мустақими ватанию хориҷӣ ҷалб ва барои шаҳрвандони маҳаллӣ 1000 ҷойи нави корӣ ташкил гардида, дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ 11 корхонаи бузурги истеҳсолӣ бунёд мегарданд.
Ҳамзамон гyфтyшyнидҳo ҷиҳати ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ бо доираҳои сармоягузории Чин, Русия, Узбекистон, Британияи Кабир, Туркия, Малайзия ва Ҷумҳурии Корея ҷараён доранд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






