Маркази миллии тестӣ: Имрӯз даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ барои дохилшавандагони соли таҳсили 2021 ҷамъбаст гардид

Июль 7, 2021 16:40

ДУШАНБЕ, 07.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ)-ро ҷамъбаст намуд, ки дар он 103 ҳазору 429 нафар номнавис гардида буданд. Эълони натиҷаҳои имтиҳонҳои (хол ва балҳои бадастовардаи ҳар яке аз довталабон ва ба озмуни тақсимот роҳ ёфтан ё наёфтани онҳо) соли равон 20 июл ба нақша гирифта шудааст. 12 июл соли равон  дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даври иловагии ИМД доир мегардад.

Тавре котиби маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Замира Абдусаломзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт,  дар 47 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ (Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Рашт, Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Бохтар, Кӯлоб, Восеъ, Данғара, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритус ва Хоруғ) марказҳои имтиҳонӣ фаъолият намуданд. Барои гузаронидани раванди имтиҳонҳо 1937 нафар корманди муваққатӣ дар асоси шартномаи меҳнатӣ, барои ташкил ва идораи имтиҳонҳо фаъолият доштанд.  Инчунин, барои назорат ва ёрии амалӣ расонидан дар омода кардани марказҳои имтиҳонӣ, назорати раванди имтиҳон дар марказҳои имтиҳонӣ ва мониторинги он, барои қабули қарори дахлдор дар сурати рух додани мушкилот 112 нафар аз кормандони асосӣ ва муваққатии Марказ ҳамчун намояндаи ваколатдори Марказ ба марказҳои имтиҳонӣ иштирок доштанд.

Дар қисми А аз чор субтест иборат буд, ки барои гурӯҳи ихтисосҳои зикршуда фанҳои забони тоҷикӣ, математика, химия ва физикаро дар бар гирифт. Барои қисми А 220 дақиқа муқаррар шуда буд. Инчунин дар ҳар як синфхонаи имтиҳонӣ барои 15 нафар довталаб ҷой муқарар гардида буд.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо соли равон, чун соли гузашта, раванди имтиҳонҳо аз ҳамаи марказҳои имтиҳонӣ тавассути камераҳои назоратӣ дар ҳолати бархат (онлайн) дар Марказ пахш гардид.

АКС аз бойгонӣ

Июль 7, 2021 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид